Паҳлавонони тоҷик дар Zagreb Grand Prix 2022

Паҳлавонони тоҷик дар Zagreb Grand Prix 2022

Аз 15 то 17-уми июл дар пойтахти кишвари Хорватия мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор шуд, ки дар ин мусобиқа 7 нафар аз Тоҷикистон ширкат карданд.

Муҳаммад Маҳмади-зода, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев (дар вазни -66 кг), Наврўз Каримзод (дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -90 кг) буданд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён, ки қаблан дар рўйхати ширкаткунандагон буд, бо далели осеб бардоштан ширкат накард.

Натиҷаи беҳтарро Ҷаҳонгир Маҷидов нишон дод. Ў нерўсанҷиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар намояндаи Латвия Алексей Зарудневс, дар даври сеюм бар паҳлавони маъруфи сербӣ Неманя Майдов пирўз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Бразил Рафаэл Маседо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Ноэл Ван`т Энд мағлуб гардида, ҷойи ҳафтумро гирифт.

Муҳаммад Маҳмади-зода (-60 кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили Якоб Мор аз ИМА оғоз карда, пирўз шуд, аммо дар даври сеюм аз варзишгари ботаҷрибаи Ҷопон Генки Кога мағлуб гардид. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) низ ба рақобат аз даври дуюм пардохта, аз намояндаи Гурҷистон Гиорги Сардалашвили ноком шуд.

Алиҷон Сафаралиев (-66 кг) дар нахустин қувваозмоияш аз Страхиня Бунчич (Сербия) шикаст хўрд. Дар ин вазн Шаҳбоз Саидаброров нерӯсанҷиро аз даври дуюм бар зидди Майкл Фрайер аз Бритониёи Кабир шуруъ карда, ғолиб шуд. Мутаассифона, дар даври сеюм аз Ҷе-Ҳон Ан аз Корея мағлуб гардид.

Наврўз Каримзод (-73 кг) ва Шодмон Ризоев (-81 кг) дар нахустин рақобаташон аз ҷудокорони Полша — Ксавери Морка ва Себастян Мартсинкевич бо гирифтани се танбеҳ ноком шуданд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...