Рӯйдодҳои муҳими варзишӣ

Рӯйдодҳои муҳими варзишӣ

Мусобиқаҳои олимпӣ бе мухлис хоҳад гузашт

Вазир, ё аниқтараш масъули ХХХII-юм бозиҳои олимпии тобистонаи Токио дар назди порлумони Ҷопон бону Марукаватамаё дар ВАО расман хабар дод, ки мусобиқаҳои варзишкоронро бе мухлис хоҳем гузаронид. Масъалаи ба варзишгоҳ иҷозат надодани мухлис баъди он ба миён омад, ки паҳншавии мараз авҷ гирифта истодааст ва аз рӯзи 12 июл дар шаҳри Токио ҳолати фавқулъода элон кардаем. Барои эҳтиёти шаҳрвандони дохили ва бурунмарзӣ маҷбур ҳастем, ки мусобиқаҳоро бе мухлис гузаронем. Аз рӯйи ҳисоби тахмин дар олимпиада 11 ҳазор варзишкор, наздики 55 ҳазор хизматрасони онҳо, 5 300 намояндаи расмии давлатҳо, ҷамъ ба Токио тахмини 80 ҳазор кормандони кумитаи олимпи давлатҳо ҳатман хоҳад омад.

Дар мавсими гузаронидани бозиҳо дар олимпиада аз кишварҳои дигар ба Токие 509 ҳазор мухлис омодааст, ки омада, барои тими миллии хеш мухлисӣ кунад. Хулоса, барои ин бозиҳо аз дохил ва беруни кишвар наздики 5-8 миллион мухлис аз 3 ҳазор доллар ҷопониён ва то 18 ҳазор доллар шаҳрванди хориҷӣ харҷ намуда, метавонист иштироки фаъолона кунад. “Ҷаноби “Ковид-19“-и хеле муҳтарам”-ми мо 100-ҳо миллард доллардро несту нобуд ва аз ҳама муҳим он, ки ҳузури одамро аз мухлисии холисона ва шоҳиди қаҳрамони нави мусобиқаҳои олимпӣ шудани варзишкорон маҳрум сохт. Афсӯс, чунин аст достони талхи бозиҳои олимпӣ, ки маротибаи аввал дар таърих хоҳем дид.

Таърихи 1 бозии олимпӣ

Соли 1939 шаҳрдории Кортина-Ампетссои вилояти Белуннои Ҷумҳурии Италия барои моҳи феврали соли 1944 гузаронидани V-умин бозиҳои олимпии зимистонаро иҷозат гирифта буд. Соли 1940 бинобар сабаби аз тарафи Олмон оғоз кардани Ҷанги 2-ми ҷаҳонӣ, тамоман гузаронида нашуд. Ҷанги хонумонсӯзи Ҷаҳонӣ моҳи сентябри соли 1945 ба поён расид. Баъди 3 сол, яъне соли 1948 V-умин бозиҳои зимистона дар шаҳри Санкт-Моритсеи Ҷумҳурии Федеративии Швейтсария баргузар гардид. Шаҳрдории Кортина-Ампетссои Италия соли 1956 варзишкорон ва меҳмонони VII-умин бозиҳои олимпиро қабул карда буд.

Чашмони дарвозабони Данияро хира карданд

Баъди бозии нимфиналии дастаҳои футболи Англия ва Дания Кумитаи риояи интизоми бозиҳои Иттиҳоди футболи Аврупо (UEFA) парвандаи ҷинойӣ кушод. Бозӣ рӯзи 7 июли соли равон дар варзишгоҳи “Уэмбли” шаҳри Лондон ба ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи Англия ба анҷом расид. Гап сари он меравад, ки дар 104 дақиқаи вақти иловагӣ, ҳини задани зарбаи пеналти, шахси номаълум аз минбари варзишгоҳ аз дастгоҳи лазерӣ истифода карда, чашмони дарвозабони даниягии 32 сола, Каспер Петер Шмейхелро хира кард. Дарвозабон зарбаро гардода бошад ҳам, вале ҳуҷумкунандаи дастаи Англия Гарри Едвард Кейни 27 сола, аз нобиноии даврвозабон истифода карда, дубора тӯбро ба дарвоза зада, бозиро буд кард. Хулосаи мутахассисони ҷаҳони футбол он аст, ки ҷинояткорро ёфта ҷазо хоҳанд дод, лекин бозиро аз нав гузаронидан ғайри имкон аст.

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...