Резаахбор: Аз санҷиши Назаров то дарёфти чеҳраҳои нав

Резаахбор: Аз санҷиши Назаров то дарёфти чеҳраҳои нав

Бозигари клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Аҳтам Назаров, ки дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон низ бозӣ мекунад, дар санҷиши дастаи футболи «Андиҷон»-и Ӯзбекистон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки шояд Назаров бо ин даста барои ду сол шартнома имзо кунад.

---

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Анталия бозии сеюми санҷиширо баргузор кард, ки ҳариф пешсафи дивизиони якуми Лаҳистон, бошгоҳи ЛКС-и шаҳри Лодзи буд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Пеш аз ин шогирдони Олег Кубарев бо ҳамсолонашон аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи «Бухоро»-и Ўзбекистон (1:3) шикаст хӯрда буданд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...