Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу муайян шуд

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу муайян шуд

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу муайян шуд

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоу муайян шуд. Аз ин риштаи варзиш Тоҷикистонро 6 нафар – Гадоева Фотимахон (48 кг), Ҷафаров Хушдил (62 кг), Абдуллоев Рамшед (69 кг), Абдураҳмони Баҳромҷон (77 кг), Камолов Меҳроҷ (77 кг) ва Раҳмихудоев Хушбахт (85 кг) муаррифӣ мекунанд.

 

 

Тавре ТВ “Варзиш” ёдовар шудааст, дар Бозиҳои XIX Осиё, ки аз 19-уми сентябр то 5-уми октябри имсол дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои иштирок дар Бозиҳои XIX Осиё аз ҷониби 45 кумитаи миллии олимпӣ – аъзои Шӯрои олимпии қора ба кумитаи тадорукоти бозиҳо дархост пешниҳод шудааст.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Бояд гуфт, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба киберварзиш ва брейк-данс мусобиқот баргузор мешаванд.

Иштироки варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян – Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу доир мегарданд.

 

«Пресса.тж»

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...