Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов» гузашт

Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов» гузашт

Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов» гузашт

Клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи Премйер лигаи футболи Русия клуби футболи «Ростов» аз трансфери дарвозабони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов хабар доданд.

 

Дар хабар гуфта мешавад, ки Рустам Ятимов ба дастаи Ростови соҳили Дон, ки онро мураббӣ Валерий Карпин роҳбарӣ мекунад, гузашт. Маблағи трансфери  дарвозабон расман эълон нашудааст, аммо тахмин меравад, ки зиёда аз 250 000 долларро ташкил медиҳад, ҳарчанд Transfermarkt арзиши ин бозигарро 1,2 млн доллар муқаррар кардааст.

Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард, ки дар 92 бозии ин даста ширкат карда, дар 39 бозӣ ба дарвозаи худ гол сар надодааст. Дар ин муддат бо ин даста шаш бор чемпиони Тоҷикистон, чор бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шудааст. Бо ин даста ба марҳилаи ҳаштякфинали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд.

Рустам Ятимов дарвозабони асосии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аст, ки дар 44 бозии даста ширкат кардааст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...