Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии навбатии худро бо тими «Персеполис»-и Эрон мусовӣ анҷом дод

Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии навбатии худро бо тими «Персеполис»-и Эрон мусовӣ анҷом дод

Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии навбатии худро бо тими «Персеполис»-и Эрон мусовӣ анҷом дод

Бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон шоми сешанбеи 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Дар нимаи аввали дидор тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони “Персеполис” буд.

 

Дар дақиқаи 30-юм ба меҳмонон муяссар шуд, ки муваффақ шаванд. Зарбаи ҷаримавиро аз масофаи тахминан 18 метр бозигари эрониҳо Маҳдӣ Туробӣ зад ва тӯб рост ба тӯри дарвозаи “Истиқлол” ворид шуд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 74-ум, легионери африқоии “Истиқлол” Сенин Себай тӯби ба ӯ ирсолкардаи ҳамдастааш Ҳамадонӣ Камоловро аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар кард. Бозигарони ҳарду даста лаҳзаҳои бисёри голзанӣ доштанд, аммо Алиризо Бейронванд, сарвон ё капитани дастаи “Персеполис” ва Рустам Ятимов, аз тими “Истиқлол”, бо маҳорати баланди худ чандин бор дарвозаашонро аз гол эмин доштанд. Ҳамин тариқ, “Персеполис” бо раҳбарии сармураббӣ Яҳё Гулмуҳаммадӣ дар меҳмонӣ муқобили “Истиқлол” тавонист, ки як имтиёз бигирад. Бояд гуфт, ки дар ҳайати “Персеполис” легионер Ваҳдат Ҳанонов, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, хуб ҳунарнамоӣ кард. Дастаи “Истиқлол” бошад, таҳти раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко ҳарчанд дар нимаи дувуми бозӣ барои ғалаба талош кард, вале аз ду имтиёз бенасиб монд.

 

Оила.тж

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...