CAFA-2025: Мунтахаби ҷавонони Тоҷи- кистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунад

CAFA-2025: Мунтахаби ҷавонони Тоҷи- кистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунад

16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ду бозии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) баргузор мешавад. Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар вохӯрӣ барои ҷойҳои 5-6-ум тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Туркманистон ба ҳам меоянд. Сипас, тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои медалҳои биринҷӣ рақобат мекунанд. Ин вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар даври аввал дар гурӯҳи «А» бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Муаллифи голҳои дастаи мо Абдулло Иброҳимзода ва Зариф Зарифзода аз пеналтӣ гардиданд. Дар даври ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) бо дастаи Қирғизистон 1:1 мусовӣ кард. Пас аз ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон якхела – 4-холӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо, бозигарони Қирғизистон дар гурӯҳи «А» зинаи аввалро ишғол намуданд, ки ҳамакнун дар рақобати ниҳоии чемпионати CAFA-2025 бо дастаи Эрон вомехӯранд. Тими Эрон дар навбати худ ғолиби гурӯҳи «В» гардид. Дидори ниҳоии чемпионати CAFA-2025 миёни тимҳои ҷавонони Қирғизистону Эрон 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гашта, соати 19:00 оғоз мешавад.

 

(Оила.тж)

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...