Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.

 

Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Ин аввалин бозии расмии мутахассиси мақдунӣ Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳамчунин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии дуюми дӯстонаи худро баргузор хоҳад кард, ки ҳариф боз ҳам дастаи мунтахаби Ҳиндустон аст.

Ситоди мураббиён ҳайати ниҳоии дастаро барои ин бозиҳо эълон кард. 26 бозигар даъват шудаанд, ки 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҳастанд. Ба далели ҷароҳат Олег Баклов, Манучеҳр Сафаров, Амадонӣ Камолов ва Рустам Соиров дар ин бозиҳо ширкат намекунанд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...