Тоҷикистон дар Дубай бо Саудӣ ва Имороти Муттаҳида бозӣ мекунанд

Тоҷикистон дар Дубай бо Саудӣ ва Имороти Муттаҳида бозӣ мекунанд

Тими миллии наврасони Тоҷикистон дар роҳи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 аст, ки ду бозии дӯстонаи муҳимро дар пеш доранд. Ҷавонони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ анҷом медиҳанд.

 

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳар ду бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор хоҳанд шуд:

 13 январ -бозӣ бо яккачинҳои Арабистони Саудӣ.

 16 январ -рақобат бо тими наврасони Имороти Муттаҳидаи Араб.

Ин бозиҳои санҷишӣ барои дастаи Тоҷикистон имконияти арзишманд мебошад, то қобилияти хешро дар муқобили ҳарифони қавии минтақавӣ санҷида, омодагии худро барои мусобиқаи муҳими Ҷоми Осиё-2026 такмил диҳанд.

Интихоби Дубай ҳамчун макони марказ барои омодашавӣ ба наврасони тоҷик имкон медиҳад, ки дар шароити иқлимии мусоид ва бо ҳарифони сатҳибаланд тамрин намоянд.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...