ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

Ҷоизадорони мусобиқаи ҷаҳонии самбо

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони тоҷик Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев аз ҷониби мақомоту сокинони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта шуданд. Варзишгарони тоҷик тавонистанд соҳиби се медал – як тило, як нуқра ва як биринҷӣ гарданд. Акмалиддин Каримов, барандаи чаҳор медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар вазни то 58 кило пас аз се пирӯзӣ бар варзишгарони давлатҳои Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.

Акмалиддин дар марҳилаи ниҳоӣ бар ҳарифи русаш Саян Ҳертек пирӯз шуда, медали тило гирифт. Паҳлавони дигари тоҷик, собиқ чемпиони самбои ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кг то ба марҳилаи ниҳоӣ баромадан бар рақибонаш аз Қирғизистон, Амрико, Италия ва Русия пирӯз шуд. Дар вохӯрии ниҳоӣ аз рақиби қазоқаш Рахат Жананиет шикаст хӯрда, барандаи медали нуқра шуд. Табрезшо Парпишоев дар вазни то 79 кило аз намуди самбои муҳорибавӣ ду рақиби худро аз Марокаш ва Узбекистон шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Табрезшо аз Асланбек Кодзаев шикаст хӯрда, медали биринҷиро соҳиб шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон аз тими Қазоқистон мағлуб шуд

Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби Қазоқистон дар варзишгоҳи «Остона-арена» -и шаҳри Нурсултон баргузор гардид ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Қазоқистон анҷом ёфт. Голи ягонаро нимҳимоятгар Бахтиёр Зайнуддинов, легионери 23-солаи мизбон, ки феълан дар дастаи ССКА-и Москва бозӣ мекунад, дар нимаи аввали рақобат, дар дақиқаи 12-ум ба дарвоза ворид кард. Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. Ин бозиро ҳакамон аз Беларус бо раҳбарии Амин Кургхели доварӣ карданд. Маврид ба зикр аст, ки қабл аз ин бозӣ сармураббии муваққати тими милли Мубин Эргашев таъин гардид. Ӯ изҳор дошт, ки давоми шаш моҳ тамрини якҷоя накарданд ва футболбозон дар зинаҳои гуногуни омодагӣ қарор доранд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳайати тими миллии Қазоқистон бозигарони хеле қавие ба мисли Бахтиёр Зайнутдинов ва Георгий Жуков ҳастанд.

Сарчашма: «Спутник»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...