Мусобиқаҳое, ки паҳлавонони тоҷик метавонанд ширкат кунанд

Мусобиқаҳое, ки паҳлавонони тоҷик метавонанд ширкат кунанд

Дар соли 2025 Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нақша дорад, ки як қатор мусобиқаҳои бузург ва бонуфузро миёни бузургсолон баргузор кунад, ки ширкати варзишгарони тоҷик низ дар ин мусобиқаҳо дар назар аст.

 

 

Ҳамчунин, Душанбе имсол низ ният дорад мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025 баргузор кунад. Тибқи нақшаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ин мусобиқа, ки бори дуюм сурат мегирад, рӯзҳои 2-4-уми май баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаи бузургтарини ҷудо, ки онро метавон мусобиқаи сол номид, Чемпионати ҷудои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 13-20-уми июн дар пойтахти Маҷористон баргузор мешавад.

Тақвими мусобиқоти IJF World Tour миёни бузургсолон дар соли 2025 бо иштироки варзишгарони тоҷик:

1-2-юми феврал: Paris Grand Slam 2025, Париж (Фаронса)

14-16-уми феврал: Baku Grand Slam 2025, Боку (Озарбойҷон)

28-уми феврал — 2-юми март: Tashkent Grand Slam 2025, Тошканд (Ӯзбекистон)

21-23-юми март: Tbilisi Grand Slam 2025, Тбилиси (Гурҷистон), TVD: Antalya Grand Slam 2025, Анталия (Туркия)

24-28-уми апрел: Чемпионати Осиё (инфиродӣ ва даставии омехта), Тайланд (Бангкок)

2-4-уми май: Dushanbe Grand Slam 2025, Душанбе (Тоҷикистон)

9-11-уми май: Astana Grand Slam 2025, Остона (Қазоқистон)

11-13-уми июн: Сhina Asian Open 2025, Чин, ТВD

13-20-уми июн: Чемпионати ҷаҳон (инфиродӣ ва даставии омехта), Будапешт (Маҷористон)

12-13-уми июл: Taipei Asian Open 2025, Тайпей (Тайбэйи Чин)

25-27-уми июл: Ulaanbaatar Grand Slam 2025, Уланбатор (Муѓулистон)

17-19-уми октябр: Abu Dhabi Grand Slam 2025, Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)

25-26-уми октябр: Hong Kong Asian Open 2025, Ҳонконг (Чин)

14-16-уми ноябр: Zagreb Grand Prix 2025, Загреб (Хорватия)

6-7-уми декабр: Tokyo Grand Slam 2025, Токио (Ҷопон)

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...