Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард

Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард

Дар мусобиқаи "Eagle" FC 43 муборизи маъруфи тоҷик Фаридун Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.

Дар Маскав ахиран мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи "Eagle" FC 43 баргузор шуд, ки дар он размкори 29-солаи тоҷик Фаридун Одилов бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес вохӯрд.

Мубориза се дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.

Аз ибтидои набард варзишкори тоҷик бартарии бештар нишон дод, ки дар натиҷа доварон нокаути техникӣ эълон карданд ва пирӯзиро ба Одилов доданд.

Қобили зикр аст, ки дар рафти набард дастгирии мухлисони тоҷик эҳсос мегашт. Давоми тамоми задухӯрд мухлисон аз толор Фаридун садо мекарданд.

Дар мусоҳибаи баъди рақобат низ Одилов аз онҳо изҳори сипос карда гуфт, чун тоҷикон ҳеҷ варзишгари дигаре чунин ҳаводор надорад.

Фаридун Одилов дар вазни миёна баромад мекунад. Ӯ 83 кило вазн дошта, қадаш 180 сантиметр аст.

Ин шашумин ғалабаи пайдарпайи Одилов ва дар умум пирӯзии 12-ум буд. Варзишгар дар тамоми фаъолияти худ ҳамагӣ ду бор шикаст хӯрдааст ва як мусовӣ дорад.

Интизор меравад, ки рақиби навбатии Одилов Александр Шлеменко бошад. Набард бояд дар моҳи март ё апрели соли 2023 баргузор шавад.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...