PARIS GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 паҳлавон иштирок менамояд

PARIS GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 паҳлавон иштирок менамояд

PARIS GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 паҳлавон иштирок менамояд

2-4 феврали соли 2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо- Гранд Слами Париж-2024 иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Париж-2024 бо иштироки 600 варзишгар аз 102 давлати дунё баргузор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг, Эмомалии Нуралӣ бо Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100кг муаррифӣ менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд. «Кховар.тж»

 

«Кховар.тж»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...