Муштзанҳои тоҷик дар байни беҳтаринҳои ҷаҳон ҷой гирифтанд

Муштзанҳои тоҷик дар байни беҳтаринҳои ҷаҳон ҷой гирифтанд

BoxRec, вебгоҳи баргузорӣ ва навсозии рекордҳои муштзанҳои касбӣ, ки аз ҷониби Комиссияи ассотсиатсияҳои бокс эътироф шудааст, раддабандии ҷаҳонии муштзанҳои ҳаваскор ва касбиро нав кард. Дар раддабандии касбӣ муштзанҳои тоҷик, аз ҷумла баъзе варзишгарони машҳур ҳастанд. Дар байни онҳо Баҳодур Усмонов дар бокси касбии мардонаи Тоҷикистон пешсаф аст.

 

  1. Баҳодур Усмонов. Вазн: сабук; рекорд: 12-0; синну сол: 28.

Чеҳраи маъруф дар бокси касбии тоҷик айни ҳол ӯ аст. Рекорди комили бебохт, фаъолияти мунтазам ва пешрафти боэътимод Усмоновро дар раддабандии BoxRec чун намунаи беҳтарини муштзан нишон додааст. Ӯ соҳиби суръат, матонат ва интизом, ки махсусан дар вазни сабук муҳим аст, ба ҳисоб меравад.

  1. Муҳаммад Яъқубов. Вазн: сабук; рекорд: 23-1-1; синну сол: 30.

Муштзани ботаҷриба ва «меҳмони ҳамешагии» раддабандӣ аст. Шумораи зиёди муҳорибаҳо, бохтҳои ҳадди ақал ва устуворӣ дар масофа сабабҳои асосии дар ин рӯйхат ҷойи назаррасаро гирифтанаш аст. Яъқубов муддати тӯлонӣ худро ҳамчун варзишгари ҳирфаӣ муаррифӣ кардааст.

  1. Авзалбек Қуронбоев. Вазн: миёна; рекорд: 11-2-1; синну сол: 31.

Қуронбоев намояндаи нодири вазни миёна дар зинаҳои болои раддабандӣ аст. Қуронбоев устувор аст, аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дорад, ки ба мавқеи ӯ дар раддабандӣ таъсири мусбат мерасонад.

  1. Шавкат Раҳимов. Вазн: сабук; рекорд: 17-2-1; синну сол: 31.

Раҳимов дар байни ҳирфаиҳо машҳуртарин ном аст. Ӯ муштзани сатҳи ҷаҳонист, ки дар хориҷа рақобат мекунад ва соҳиби рекордҳои назаррасу таҷриба дар муҳорибаҳои сатҳи баланд аст. Мавқеи ӯ дар сегонаи беҳтарин ӯву фаъолияти ӯро инъикос мекунад.

  1. Шуҳрат Саломатов. Вазн: сабук; рекорд: 6-0-1; синну сол: 27.

Яке аз муштзанҳое, ки дар раддабандӣ хуб баҳогузорӣ нашудааст. Шумораи муҳорибаҳояш кам аст, аммо шикастнопазирӣ ва услуби хосаш инро ҷуброн мекунад. Боло рафтани ӯ дар раддабандӣ мустақиман бо фаъолияти ӯ алоқаманд аст.

Дар ин раддбандӣ ҳамчунин номи Элчибек Ниёзмамадов – вазни сабук – 3-4-2 – 28; Ислом Раҳмонов – вазни сабуктарин – 5-1-0 – 21; Кароматулло Шарипов – фавқулодамиёна – 4-2-1 – 32; Хисрав Қуронбоев – вазни сабук – 3-2-1 – 29; Оятулло Яқубов – вазни сабук – 2-0-0 – 27; Маҳмадраҷаб Шарифов – вазни миёна – 4-7-0 – 29; Аҳлиддин Раҳмонов – вазни ниммиёна – 4-7-0 – 26 кг ҳаст.

Дар байни ҳаваскорон Акмал Убайдов дар панҷгонаи беҳтарин пешсаф аст, баъд аз ӯ Давлат Болтаев ва Хусравхон Раҳимов қарор доранд.

 

(«Пресса.тж»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...