Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030

Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030

Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, масъалаи Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 - ро баррасӣ кард

Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо вазири варзиш, раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз - 2030 Абдулазиз бин Туркӣ АлФайсал, мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ. Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ҷонибҳо ба вусъати ҳамкориҳо байни сохторҳои варзишии ду кишвар, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таваҷчуҳи хос зоҳир намудаанд. «Дар рафти музокирот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 дар Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт», - омадааст дар хабарнома. Манбаъ афзуда, ки дар ин мулоқот, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн баррасӣ шудааст.

Сарчашма: «Спутник»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...