Қуръакашӣ «Истиқлол»-ро бо дастаҳои ҳариф ошно мекунад

Қуръакашӣ «Истиқлол»-ро бо дастаҳои ҳариф ошно мекунад

Қуръакашӣ «Истиқлол»-ро бо дастаҳои ҳариф ошно мекунад

 

Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар минтақаҳои Ғарбу Шарқро эълон кард. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи бузургтарини бошгоҳҳои Осиё 24-уми август дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.

 

Аз рўи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешаванд. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО аз шаш давр иборат буда, 18-уми сентябр оғоз шуда, 13-уми декабр ба анҷом мерасад. Ҳама дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ рақобат хоҳанд кард.

Қаҳрамони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз қуръакашии мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар қатори бошгоҳҳои «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва чемпиони Ироқ, ки баъдтар муайян мегардад, шомили сабади сеюм гардид. Ин маънои онро дорад, ки қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ин дастаҳо бозӣ намекунад.

Аз рўи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

 

Сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24:

Минтақаи Ғарб:

Сабади 1: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Персеполис» (Эрон), «Ал-Садд» (Қатар), «Пахтакор» (Ўзбекистон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ).

Сабади 2: «Сипоҳон» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Насаф» (Ўзбекистон), «Ал-Файҳа» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон).

Сабади 3: «Ал-Файсалӣ (Урдун), «Истиқлол» (Тоҷикистон), қаҳрамони Ироқ, «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон). Сабади 4: «Ал-Айн» (АМА), ғолиби ҷуфти «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти «Трактор» (Эрон) – «Шарҷа» (АМА)/«Башундара Кингс» (Бангладеш), ғолиби ҷуфти «Ал-Арабӣ» (Қатар) – АГМК (Ўзбекистон)/«Ал-Сиб» (Уммон), ғолиби ҷуфти «Ал-Вақра» (Қатар) – «Навбаҳор» (Ўзбекистон).

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...