ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

Ду бозигари шинохтаи мунтахаби кишвар Шериддин Бозоров аз “Истиқлол” ва Умарҷон Шарипов аз “Хатлон” мавсими ояндаро дар қаҳрамониҳои Ӯзбекистон ва Малайзия сипарӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ниммуҳофизатгари тими миллии кишвар ва сарвони дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар – Умарҷон Шарипов ба дастаи «Турон"-и шаҳри Яйпани вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон гузашт.

Ба иттилои манбаъ, дастаи нави Умарҷон Шарипов дар Суперлигаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад карда, мавсими гузашта қаҳрамони про-лигаи Ӯзбекистон гардида буд. Дар бораи маблағи гузариши бозигар иттилоъ дода нашудааст. Гуфта мешавад, ҳамзамон ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон ва «Истиқлол» -и Душанбе Шериддин Бобоеви 21-сола низ корномаи варзишияшро дар бошгоҳи футболи «Пенанг», ки дар суперлигаи Малайзия баромад мекунад, идома медиҳад.

Шериддин Бобоев дар як навиштааш дар сафҳаи Инстаграмаш тасдиқ кард, ки барои бастани шартнома ба наздикӣ ба Малайзия хоҳад рафт. Ӯ бо изҳори ташаккур аз ҳама нафароне, ки барои расидан ба ин зина гуфтааст, акнун вақти он расид, ки аз хона бояд берун рафт ва даъвати дигарро қабул кард.

Кепка бо акси Масъуд»: туҳфаи тоҷикон ва ваъдаи Ҳабиб барои як мусобиқа дар Душанбе.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ният дорад дар Тоҷикистон мусобиқа баргузор кунад Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор доштааст, ки мехоҳад дар Душанбе як мусобиқаи калон баргузор кунад, чун ҳаводорони ин намуд варзиш дар Тоҷикистон ниҳоят зиёданд. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи худ дар ояндаи наздик ибрози назар кард.

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, аз Ҳабиб пурсида шуд, ки нияти дар Тоҷикистон баргузор кардани мусобиқаро дорад ё хайр, ҷавоби мусбат дода шуд. «Бале, мо чунин ният дорем. Зеро он ҷо теъдоди ҳаводорони ин намуд варзиш зиёд буда, ҳамзамон размикорони тайёр низ ҳаст, ки тавони гирд овардани шумораи зиёди тамошобинонро доранд», – тавзеҳ дод Нурмуҳаммадов. Размикори доғистонӣ илова намуд, ки соли оянда ҳатман як мусобиқа дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Федератсияи триатлони Тоҷикистон узви САТА шуд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Федератсияи триатлони ҷумҳурӣ узви Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ – Central Asian Triathlon Association шуд Тибқи иттилои Кумита, ҷаласаи онлайнии САТА, федератсияҳои триатлони 5 кишвар – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд.

“Аъзои ҷаласа натиҷаи фаъолияти ассотсиатсияро дар соли 2020 натиҷагирӣ карда, тақвими мусобиқаҳоро барои соли 2021 баррасӣ намуданд. Аъзои ҷаласа якдилона Федератсияи триатлони Тоҷикистонро дар шахсияти котиби генералии федератсия Искандар Шарифов ба узвияти САТА қабул карданд”, – омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ. Манбаъ афзуд, бо роҳи овоздиҳӣ тақвими чорабиниҳои САТА барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин аъзои САТА оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти таҳияи барномаҳо ҷиҳати омода кардани варзишгарон, таъсиси шабакаи тамринӣ ва баргузории ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ дар мавсими оянда ба мувофиқа расиданд. “Бо қатъият метавон гуфт, ки пандемия натавонист монеи кори мо шавад ва мо ҳамаи оилаи триатлон ин давраи душворро паси сар кардем, фаъолиятамонро ҷиҳати рушд ва оммавӣ кардани триатлон идома додем. Федератсияи триатлони Тоҷикистон акнун ҳамроҳи мост”, – иброз намуд президенти САТА, Ҳалимҷон Есенов.

Сарчашма: «Спутник»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...