Чавгонбозӣ. Аз рукуд то эҳё

Чавгонбозӣ. Аз рукуд то эҳё

Тоҷиконро бозии

воло бувад,

Номи чавгон аз ҳама

боло бувад.

 

Чавгонбозӣ яке аз бозиҳои қадимаии тоҷикон мебошад, ки навъе аз варзиши қадимии ориёиҳост. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп сурат гирифта, варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд. Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд.

Мутахассиси шоистаи соҳа Сунатулло Собиров, устоди варзиши кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарчашмаи пайдоиши ин бозиро аз Эрони қадим ҳисобида, гуфт: “Чавгонбозӣ аслан дар асри ду пайдо шудааст. Ин бозии дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт ва онҳо ин намуди варзишро ҳамчун нишонаи ҷасорату родмардӣ медонистанд. Ин намуди варзиш бештар дар идҳои “Наврўз” ва “Меҳргон” гузаронида мешуд.

Аслан, бозии чавгон се вожаи аслии тоҷикӣ дорад, ки ҳар се дар алоҳидагӣ як маънои томро ифода мекунанд: чавгон, гуй ва бозӣ. Чавгон чӯби махсуси қаткардашудаест, ки андоза ва шакли махсус дорад. Гуй гирдаест, ки аз пашми гов сохта шудааст. Бозӣ амали шахс аст, ки тавассути ин лавозимот ҳунару маҳорати худро нишон медиҳад. Аз ин далелҳо бармеояд, ки мо бевосита гуфта метавонем, ин намуди варзиш моли тоҷикон аст”.

Сунатулло Собиров аз нав эҳё шудани ин варзишро дар кишвар баъди солҳои 70-уми асри ХХ рабт медиҳад. Ба гуфти ӯ, аввалин қувваозмоии ҷавонони тоҷик соли 1976 дар мусобиқаи байни давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ шуруъ шудааст.

Дар ин бора раиси Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон Екатерина Юсуфова чунин ибрози андеша намуд: “Чавгонбозӣ дар даврони шўравӣ хеле рушд ёфта буд, аммо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба бозиҳои миллӣ, аз ҷумла чавгонбозӣ зарбаи сахт зад. Соли 1992 Тоҷикистон узви Федератсияи ҷаҳонии чавгонбозӣ гардид, вале чавгонбозӣ низ пош хӯрда, қариб буд аз байн равад. Вале хушбахтона, аз соли 2000-ум сар карда, чавгонбозӣ дар гӯшаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ аз нав ташаккул ёфт. Соли 2006 бо дастгири Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарпарастии Кумитаи миллии олимпӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе семинари машваратӣ оид ба рушди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Барои аз нав эҳё кардани чавгонбозӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саймумин Раҳимов таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд ва беҳтарин бозингарони хуб ҳам тайёр намудаанд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, маҳорати хуб нишон додаанд”.

Беҳтаринҳо аз дастаи писарон бошад, Наим Аюбов, Раҳматулло Намозов, Хусрав Асозода, Муҳаммаднабӣ Наботов ва Муҳаммадрафӣ Собиров ба ҳисоб мераванд.

Умедворем, ки чавгонбозӣ чун як навъи варзиши миллӣ мисли дигар варзишҳо рушду нумуъ ёфта, мухлисони бешумор пайдо менамояд ва дар арсаи ҷаҳонӣ чавгонбозони тоҷик бо маҳорати баланди хеш муаррифгари ин навъи варзиш мешаванду парчами меҳанро баланд мебардоранд.

 

Шаҳноза Сатторова, донишҷӯйи соли сеюми факултаи журналистикаи ДМТ

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...