Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2022

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2022

Дар кишвари Ҷопон мусобиқаи ҷудои Tokyo Grand Slam 2022 бо ширкати 346 варзишгар (201 мард ва 145 зан) аз 59 кишвари панҷ қитъаи олам баргузор шуд.

 

Се намояндаи Тоҷи-кистон дар ин мусобиқа ширкат карданд ва аз гирифтани медалҳо бенасиб шуданд.

Дар рўзи аввали мусо-биқа Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Сомон Маҳмадбеков майдон-дорӣ карданд. Му-ҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал Андрев Муннингси 24-соларо аз Баҳамас шикаст дод, вале дар даври дуюм аз Кен Ойошии 24-солаи ҷопонӣ мағлуб шуд ва аз ҳақи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Сомон Маҳмадбекови 23-сола дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд. Ў дар даври дуюм ба намояндаи Бразилия Гуилҳерме Счимидти 22-сола дастболо шуд, вале дар даври сеюм аз паҳлавони 28-солаи ҷопонӣ Кеня Коҳара ноком гардид ва аз ҳақи идомаи мубориза барои медал бенасиб монд. Дар рўзи дуюми мусобиқа паҳлавони дигари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ низ ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Эмомалии 20-сола, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудокори 18-солаи ҷопонӣ Шинсеи Ҳатторӣ шикаст хўрд ва аз ҳақи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Пресса.тж.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...