Дар соли 2025 дастаҳо ва клубҳои моро кадом мусобиқаҳои байналмилалӣ интизоранд?

Дар соли 2025 дастаҳо ва клубҳои моро кадом мусобиқаҳои байналмилалӣ интизоранд?

Соли 2025 мухлисонро рӯйдодҳои зиёди футбол интизоранд. Қариб ҳамаи тимҳои миллии Тоҷикистон имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард.

 

7-17-уми феврал. Душанбе. «CAFA Championship Women’s Futzal 2025». Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон ширкат мекунад.

15-21-уми феврал. Минск. Ҷоми рушд-2025. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-17) ширкат мекунад.

1-11-уми март. «Чемпионати занонаи CAFA U-17 2025». Дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат мекунад.

20-уми март. Душанбе. Бозии дӯстонаи Тоҷикистон ва Беларус.

25-уми март. Душанбе. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027. Гурӯҳи «А». Даври 1. Тоҷикистон — Тимори Шарқӣ.

3-20-уми апрел. Арабистони Саудӣ. Қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 (U-17). Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-17) ширкат мекунад.

24-уми апрел — 6-уми май. “CAFA Silk Way Cup 2025”. “Истиқлол” (Душанбе) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ширкат мекунанд.

21-31-уми май. «CAFA Championship U-17 2025». Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ширкат мекунад.

10-уми июн. Филиппин. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027. Гурӯҳи «А». Даври 2. Филиппин – Тоҷикистон.

13-23-юми июн. «Чемпионати CAFA U-20 2025». Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) иштирок мекунад.

23-юми июн — 5-уми июл. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои дастаҳои мунтахаби занона. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон иштирок мекунад.

9-19-уми июл. «CAFA Futzal Cup 2025». Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ширкат мекунад.

30-юми июл. Бозии аввали даври муқаддамотии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26.

6-уми август. Бозии дуюми даври муқаддамотии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26.

13-уми август. Бозии сеюми даври муқаддамотии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26.

2-10-уми август. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи ҷавонон (U-20). Дастаи занонаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) иштирок мекунад.

26-уми август — 9-уми сентябр. Мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат мекунад.

1-9-уми сентябр. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23). Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) иштирок мекунад.

16-18-уми сентябр. Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 1.

16-24-уми сентябр. Мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ширкат мекунад.

30-юми сентябр — 2-юми октябр. Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 2.

9-уми октябр. Душанбе. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027. Гурӯҳи «А». Даври 3-юм. Тоҷикистон — Малдив.

14-уми октябр. Малӣ. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027. Гурӯҳи «А». Даври 4-ум. Малдив — Тоҷикистон.

9-17-уми октябр. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои наврасони занона (U-17). Дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат мекунад.

21-23-юми октябр. Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 3.

25-уми октябр — 1-уми ноябр. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC 2025/26.

29-уми октябр — 9-уми ноябр. «Чемпионати занонаи CAFA U-18 2025». Дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат мекунад.

4-6-уми ноябр. Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 4.

5-27-уми ноябр. Давҳа, Қатар. Чемпионати ҷаҳон-2025 байни ҷавонон (U-17).

18-уми ноябр. Тимори Шарқӣ. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027. Гурӯҳи «А». Даври 5-ум. Тимори Шарқӣ — Тоҷикистон.

22-30-юми ноябр. Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои ҷавонон (U-17). Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ширкат мекунад.

25-27-уми ноябр. Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 5.

9-11-уми ноябр. Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 2025/26. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 6.

10-20-уми декабр. «CAFA Club Futzal Cup 2025».

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...