Сулфаи хушк ва хатари он

Сулфаи хушк ва хатари он

Ангезандаҳои асосии бемориҳои шамолкашии мавсимӣ вирусҳо буда, сабабгори маҳкам шудани роҳҳои нафас ва пайдо шудани сулфа мегарданд. Аз ин рӯ, зукоми мавсимӣ сабаби маъмултарини сулфаи шадид буда, беш аз се ҳафта давом намекунад.

 

Сулфаро табобат кунем?

Сулфа аксуламал ё нишонаи мубориза бурдани ҷисми солим бо беморӣ аст. Аз ин рӯ, табобати сулфа кори ҳатмист. Фаромӯш набояд кард, ки дар баъзе ҳолатҳо сулфа нишонаи бемориҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Дар сурати фориғболӣ намудан сулфаи сироятӣ метавонад боиси бемор шудани тамоми роҳҳои нафас гардад. Сулфаи шадид (хусусан шабона) баъзан боиси бад шудани ҳолати инсон мегардад. Ниҳоят, сулфаи шадид метавонад ба мушкилоти гуногун, аз ҷумла заифӣ, гум шудани иштиҳо, қайкунӣ, дарди сар, дарди шикам, пешобро дошта натавонистан ва шикастани қабурғаҳо, кафидани мушакҳо, беҳушшавӣ, халалдор гаштани кори дил оварда расонад.

 

Сулфаро чӣ гуна пешгирӣ кунем?

Барои пешгирӣ намудани сулфа ҷисми худро обутоб дода, аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, бо намакоб даҳонро чайқонидан лозим аст. Ҳамзамон пӯшидани ниқоб ва шустани дастонро фаромӯш накунед. Аз рӯи нишондоди табиб дорувориҳои зиддивирусиро истеъмол намуда, ҷараёни табобатро тезонидан мумкин аст. Бо мақсади пешгирӣ аз сулфа ҳамарӯза ҳавои утоқҳои худро тоза карда, бо латтаи тар ҷиҳози хонаро пок ва рубӯчин намоед.

 

Пресса.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...