Харбуза – кафолати ҷавонӣ!

Харбуза – кафолати ҷавонӣ!

Харбуза барои шахсоне, ки ба намуди зоҳирии худ таваҷҷуҳ доранд, беҳтарин даво ба ҳисоб меравад, зеро дар таркиби он кремнийҳо мавҷуданд. Ин микроэлементҳо ҳолати пӯстро беҳтар намуда, оҷингҳои рӯй ва доначаҳои рихинакро бартараф мекунанд. Инчунин, дар таркиби харбуза моддаи «инозит»-ро ошкор намудаанд, ки он мӯйи сарро пурқувват ва пурҷило менамояд. Шахсоне, ки мехоҳанд ҷавониашон тӯлонӣ бошад, бояд аз харбуза бештар истеъмол намоянд.

Далел

Олимони Кореяи Ҷанубӣ аз меваи харбуза моддаи «ликопин"-ро ҷудо намудаанд, ки ин модда ҷараёни пиршавиро нигоҳ дошта, омоси манфии мағзи сарро бартараф менамояд. Харбуза қобилияти аз организм берун намудани моеи зиёдатиро дорад ва ин маънои онро дорад, ки бо «селюлит» ва такшиншавии чарб мубориза мебарад. Олимон харбузаро барои «стресс» давои хуб медонанд. Ин аз он ферменти таркибие вобаста аст, ки диққатнокиро зиёд намуда, хастагиву хашмгинӣ ва мушкилиҳои бехобиро бартараф менамояд. Инчунин, дар харбуза моддае мавҷуд аст, ки ҳормони хушбахтӣ, яъне «серотонин» ҳосил менамояд. Барои кӣ истеъмоли харбуза мумкин нест?

Дар таркиби харбуза қанди зиёд мавҷуд аст ва аз ин сабаб ба беморони диабети қанд истеъмол намудани он тавсия дода намешавад. Аз меъёр зиёд истеъмол намудани харбуза ба вайроншавии кори меъда оварда мерасонад.

Тавсия

- Пӯчоқи харбуза барои табобати лат ва ҷои харошида истифода мешавад. - Ҷои мулоими харбуза барои ниқо би рӯй хуб аст. Онро қимма намуда, ба муддати 10-15 дақиқа тунук ба рӯй гузоред. - Тухми харбуза аз рӯи баъзе ақидаҳо «патенсия"-ро зиёд менамояд. Бо ин мақсад тухми ушкшудаи онро кӯфтаву хока карда, ба миқдори як қошуқчаи чойнӯшӣ дар як рӯз се маротиба истеъмол намоед.

Интихоби дуруст

- Харбузаи пухта расида ҳама вақт бӯйи хуш дорад ва вазнинтар аст. Аз ин сабаб пеш аз харидан онро бӯй кашед. Дар хотир дошта бошед, ки дар ҳарорати бештари гармии ҳаво бӯйи хуши харбуза низ зиёд мешавад. Барои он ки хато накунед, харбузаро дар ҳавои гарм харидорӣ намоед.

- Ҳангоми харбузаро бо ангушт задан садои паст дорад.

- Думчаи харбузаи пухтагӣ хушкшудатар буда, қисми нӯги болои он тунуктар мешавад. Ҳар қадаре, ки пӯсти харбуза тунук бошад, ҳамон қадар он пухта расидааст.

С. Муродов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...