Ба духтури дандон муроҷиат доред?

Ба духтури дандон муроҷиат доред?

Ҷавоби баъзе аз саволҳое, ки ба духтури дандон дода мешаванд.

Аз рӯйиахбори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (ВОЗ),беш аз 90% сокини сайёра аз бемории даҳон ва дандон азият мекашанд ва имрӯз нафареро пайдо кардан мушкил аст, ки маротибае дар сандалии духтури дандон нишаста набошад. Ҳоло атрофиин соҳаи тиб(б) суҳбат ороста, ба баъзе аз саволҳои беморони дандон низ ҷавоб хоҳем дод.

Дандонпизишкӣ (стоматология) шохае аз илми тиб(б) буда, сохтор, амалкард (функсия) ва осебшиносии дохили даҳон ва ҷоғи поёну болои рӯй, ё андомро меомӯзад. Номи он аз ду калимаи юнони бостонӣ stoma – «даҳон, ё дохили он» ва logos – «омӯзиш» ба маънои дурусти – «илм дар бораи узвҳои дохили даҳон» аст.

Намудҳоиасосии стоматология:

– дармонгарӣ (терапевтӣ);

– ортопедӣ (протез созии дандон, ортопедияи чеҳраи рӯй, ортопедия, ортопедия);

– ҷарроҳӣ.

Табобати дандон (стоматология) риштаи нисбатан ҷавон дар тиб(б) ба ҳисоб меравад. Онро ҳамчун шохаи ҷудогона солҳои 20-ми асри ХХ ташкил кардаанд. Дар ибтидои он солҳо сартарошон ва косибоне, ки асосан худомӯз буданд, аввалин намояндагони пизишки дандон буданд.

Дар Россия бошад, нахустин китоби омӯзиш бо номи “Дандонпизишкӣ, ё ҳунари табобати дандон барои беҳдошти кӯдакон” соли 1829 навишта, аз чоп бароварда шуда буд. Аввалин ташкилот аз пизишкони дандон соли 1883 дар Россия ташкил шудааст. Бо роҳбари корхонаи “Дандонпизишкӣ дар ноҳияи Свобода”-и шаҳри Москва, пизишки дандон, Солеҳ Содиқов дар тамос шуда, аз эшон хоҳиш кардем, ки ба чанд суолҳои мо посух бидиҳанд. – Чӣ гуна метавон тарси пеш аз муолиҷаи дандонро бартараф кард? Тарси пешакии муолиҷаи дандонро ҳар як сеюм одам дар дунё дорад ва сабаб дар таҷрибаи ғайриманфии то ин замон доштаи духтурон аст. Роҳҳои бартараф кардани тарс бисёранд:

1. Оҳиста-оҳиста ба дарди дандон одат карда, мутобиқ шудан зарур аст. Баъдан табобати осони кӯтоҳмуддатро оғоз бояд кард. Тоза кардану нигоҳубини дандонро низ давом дода, баъдан ба муолиҷаи каме мураккаб дар он ҳолате гузашт, ки бемор дар мавриди даст задани табиб ба дандони ӯ омода ва оромтар бошад.

2. Омодагии руҳӣ – дар ҳолати вазнин будани беморӣ. 3. Мулоиҷа бо доруву дармоне, ки табиӣ буда, дардро паст мекунад. Ба монанди гиёҳҳои (шира, ё арақи гиёҳи даштӣ (пустырник), ё решаи сунбули ҷабалӣ (валерьянка), ки зуд азоби дардро бартараф мекунанд. Агар гиёҳҳои табии таъсир набахшанд, метавон аз доруҳои сунъии каме мадҳушкунанда низ истифода кард, ки бемор дардро кам ҳис кунад.

(Давом дорад)

ШАБХАН ШАБХАНОВ

МУРАД ГАЗИЕВ

Аз русӣ тарҷумаи

Шамсиддини Муқим

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...