Се – роҳи осони табобати касалии қанд

Се – роҳи осони табобати касалии қанд

Чанд сол боз ба касалии қанд гирифторам. Ду ҳафта пеш дар сомонаи ОИЛА.tj баромади табиби машҳур Садриддиншоҳ Насриддиншоевро тамошо кардам. Он кас бо дили пур мегуфтанд, ки касалии қандро бо гиёҳҳо табобат кардан мумкин аст. Мехостам, тариқи саҳифаи “Канзи шифо” Садриддиншоҳ муфассал дар ин бора маълумот диҳанд. Муродулло, н. Рӯдакӣ.

Посух

Аслан дар тибби расмӣ касалии қанд аз зумраи бемориҳои табобатнашаванда ба ҳисоб меравад, аммо дар тибби суннатӣ бисёр усулҳои паст кардани сатҳи қанд дар хун вуҷуд доранд. Имрӯз мо ба шумо чанд роҳи аз ҳама осони ба низом даровардани миқдори қандро дар хун пешкаш месозем. Фаромӯш накунед, ки риоя намудан ба парҳез шарти аз ҳама асосии табобат аст, агар парҳез накунед, ягон гиёҳ ва дору ба шумо кумак намекунад. Инак:

Нусхаи аввал

Шаш дона пиёзи бехиро майда карда, дар бонкаи шишагии нимлитра андозед. Аз болояш оби ҷӯшидагии хунукшударо рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва монед як шаб истад. Субҳ онро полонда, дар давоми рӯз кам-кам бинӯшед. Табобатро бо оби пиёз як ҳафта давом додан лозим аст, то натиҷааш назаррас гардад. Саломат бошед!

Нусхаи дигар

25 грамм барги хушки чормағзро дар термос ё чойники муқаррарӣ андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш резед ва монед тахминан як соат истад. Ин обро саҳар, нисфирӯзӣ ва бегоҳ як пиёлагӣ нӯшед. Ин амалро як ҳафта давом диҳед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

Нусхаи сеюм

Оби ҷав қандро дар муддати кӯтоҳ паст мекунад. Фақат гумон накунед, ки оби ҷав гуфта, ман пиворо дар назар дорам. 100 грамм тухми ҷавро ба зарфе андохта, аз болояш тақрибан як литр оби ҷӯш резед. Даҳони зарфро маҳкам карда, дар ҷойи салқин ду шабонарӯз нигоҳ доред. Дар ин муддат даво тайёр мешавад. Онро ҳар рӯз 3-4 маротиба як истаконӣ нӯшед, қанди хунро паст мекунад.

Оила.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...