Имон

Имон

Калимаи шаҳодат дар ислом

Калимаи Шаҳодат бояд онро донист. Ба ин калима ҳар одам бояд бовар намояд. Агар то ба ҳол имон наоварда бошад, бояд ҳар чӣ зудтар онро ба забон оварад. “Ман шаҳодат медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худо нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад r банда ва Паёмбари Ӯст».

Асоси имон

Маънои луғавии “Имон” “бовар намудан ба чизест”. Маънои истилоҳотияш –“Имон ба забон иқрор намудан ва ба дил тасдиқу бовар кардан аст, ки Аллоҳ Таъоло Якка ва Ягона ва Муҳаммади Мустафо r Паёмбари барҳақ аст”. Имон ба ду гуруҳ ҷудо карда мешавад:

а) Имони муҷмал – имони умумӣ. Имони умумӣ ин имон овардан ба ҳақиқати дини Ислом буда, одам калимаи “Шаҳодат”-ро арз карда, имони худро ба Аллоҳ Таъоло ва Паёмбари Ӯ Муҳаммад тасдиқ мекунад ва ба ҳама он чизе ки аз Онҳо расида аст, бовар дорад, дар ҳоле, ки ҳанӯз асоси динро намедонад. Ин якумин зинаи имон мебошад. Минбаъд инсон бояд динро омӯзад ва ба ҳар рукни имон муфассал бовар намояд. Ин “Имони тафсилӣ” ном дорад.

б) Имони тафсилӣ – ин имон овардан ба ҳар рукни имон дар ҷудогонагӣ ва муфассал мебошад.

Рукнҳои имон

Дар имон 6 рукн вуҷуд дорад, ки бояд ба ҳар яки он имон овард.

• Боварӣ ба Аллоҳ Таъоло

• Боварӣ ба фариштагони Ӯ

• Боварӣ ба китобҳои Ӯ

• Боварӣ ба фиристодагони Ӯ

• Боварӣ ба рӯзи Қиёмат

• Боварӣ ба тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Аллоҳ Таъолост ва ба зинда шудан баъд аз марг. Ин рукнҳои Имон дар дуои “Оманту” оварда шудаанд, ки мебояд онро азёд донист: Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ва-л-явмил-охири ва-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи мина-лЛоҳи Таъоло ва-л-баъси баъдал-мавти ҳаққун.

Ашҳаду алло иллоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Яъне: “Имон овардам ба Худои Таъоло, ба фариштагони Вай, ба китобҳои Вай, ба Паёмбарони Вай, ба рӯзи Қиёмат ва тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Аллоҳ Таъолост ва ба зинда шудан баъд аз марг”. “Ман шаҳодат медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ ﷻ нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва Паёмбари Ӯст”.

Инсон аз нуқтаи назари имон

Инсонҳо аз нуқтаю назари имон ба се гуруҳ ҷудо мешаванд: мусулмон, мунофиқ ва кофирон. Мусалмон – ин одамест, ки дар дил бо боварӣ ва бо сухан имони худро ба Худои Ягона - Аллоҳ ﷻ ва ба Паёмбари Ӯ, Муҳаммад ﷺ тасдиқ мекунад. Мусулмон боварӣ дорад, ки ҳар чиро Паёмбар Муҳаммад ﷺ расонидааст, ҳақ аст. Мунофиқ – одамест, ки худро мусулмон муаррифӣ мекунад (масалан, калимаи “Шаҳодат”-ро бо забон меоварад, вале дар дил ба Ислом боварӣ надорад, зеро ки ӯ кофир мебошад. Кофир- одамест, ки бо дилу забон Исломро инкор мекунад.

“Асосҳои ислом”

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...