Фазилати даҳ рўзи охири Рамазон

Фазилати даҳ рўзи охири Рамазон

Ҳамду сано Аллоҳ таъолоро, дуруду саломи бепоён ба Расули акрам ﷺ ва олу асҳоб ва пайравони ў бод.

 

Хислати авввал ин зинда доштани шабҳо аст ва далел бар он амали Паёмбар ﷺ мебошад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Оиша g ривоят шудааст: «Чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Расулуллоҳ шабҳоро зинда дошта, хонаводаашро бедор мекард ва бисёр кўшишу ҷиддият менамуд». Инчунин дар ҷои дигар аз модарамон Оиша g ривоят шудааст, ки: «Расулуллоҳ ﷺ бист рўзи ибтидои Рамазонро бо намозгузорӣ ва хобу истироҳат мегузаронид, чун даҳаи охир фаро мерасид, дар он кўшишу ҷиддият менамуд».

Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Расули акрам чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, ҷойгоҳи хобашро ҷамъ карда як сў мегузоштанд».

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо мустаҳаб аст ин бедор намудани аҳли хонавода аст. Паёмбар ﷺ тавре, ки дар ҳадиси Оиша g баён шуд дар ин шабҳо аҳлашро барои намозгузорӣ бедор менамуданд. Дар зери калимаи аҳл зану фарзандон дохил мешаванд. Пас, барои мусалмон мустаҳаб аст, ки аҳли оилаашро дар ин шабҳо ба хотири намозгузорӣ бедор кунанд ва фазли ин шабҳоро барояшон баён кунад. Асҳоби киром g ҳатто дар ғайри Рамазон аҳли оилаашонро бедор мекарданд.

Дар бедор намудани мард завҷаашро ва акси он Паёмбар ﷺ фармудаанд:

«Худо раҳмат кунад мардеро, ки нисфи шаб бархоста, намоз мегузорад ва ҳамсарашро ҳам бедор мекунад ва агар мухолифат варзид, ба рўяш об мепошад ва Худо раҳмат кунад занеро, ки дар шаб бархоста, намоз гузорида шавҳарашро бедор менамояд ва агар имтиноъ варзид, ба об мепошад».

Тавре ки маълум гашт, бедор намудани аҳли хонавода дар ин шабҳо фазилати бузурге доштааст.

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо анҷом бояд дод, ин эътироф намудани банда гуноҳҳои худро ва талаб намудани афв аз даргоҳи Худованд аст. Дар ҳадисе омадааст, ки Оиша g аз Паёмбар ﷺ пурсид, ки эй Паёмбари Худо, агар шаби Қадрро дарёфтам чӣ гўям? Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Бигў, эй Бор Худоё! Ту бахшандаӣ ва бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш».

Афв гузашт аз гуноҳҳо аст ва маънояш талаби бахшиши гуноҳҳо, аз байн бурдани онҳо ва нобудсозии асароти онҳост. Ин далел бар он аст, ки инсон ҳарчанд амали зиёд ва корхои нек анҷом диҳад, тақсир ва кутоҳӣ дар ў вуҷуд дорад, бинобар ин талаби афв мекунад.

Ин аст ҳоли бандагоне, ки аз азоби қиёмат меҳаросанд ва барои кўтоҳию гуноҳи хеш аз Худованд талаби омурзиш мекунанд. Баъзе аз асҳоби киром g мегуфтанд:

Аз Худованд омурзиш металабам аз рўзаву намозе, ки мегузорам, рўзаи гирифтаам пур аз хатост ва намозам чӣ гуна намоз аст?

Эшон аз корҳои неки худ талаби омурзиш мекарданд, зеро ба ин бовар буданд, ки албатта дар он амалҳо халале ё кўтоҳие вуҷуд дорад. Бинобар ин мустаҳаб аст, ки инсон ҳамаи амалҳояшро бо истиғфор (талаби омурзиш) хатм намояд, хусусан дар ин шабҳо. Дар ҳадиси ривоят кардаи Салмон g фармудаи он Ҳазрат ﷺ ворид шудааст:

«Дар ин моҳ чор амалро бештар анҷом диҳед: ду амалест, ки бо он ризои Парвардигоратонро ҳосил мекунед ва ду амали дигаре аст, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед. Аммо ду амале, ки ризои Худоро таввасути он ҳосил мекунед, он зикри «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва истиғфор намудан аст ва аммо ду амали дигаре, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед, ин аст, ки аз Худованд ҷаннатро талабед ва аз оташи дўзах ба Ў таъоло паноҳ баред».

Ин ҳадис ва аҳодиси монанди ин далел бар онанд, ки ҳар амалеро, ки анҷом медиҳем, мақсади мо аз он ҳосил намудани афв ва бахшиши Худост, бинобар ин охири амали мо бояд истиғфор бошад. Масалан, агар тамоми шаб ибодат кунӣ, ҳангоми саҳар бояд омурзиш талаб кунед, тавре ки Худованд мўъминонро сутудааст:

«Ва ҳангоми саҳар омурзиш металабанд». (Сураи Зориёт, ояти 18)

Аз Худованд талаб дорем, ки мову шуморо аз ҷумлаи қабулшудагон ва аз ҷумлаи муваффақшудагон бар амали нек гардонад, аз он чи сабаби ғазаби Ў мегардад ва аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо моро ҳифз намуда, тавфиқи амалҳои неке, ки Ў таъоло дўст медорад ва аз он хушнуд мешавад, насибамон кунад. Омин!

 

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...