Арзиши илм ва олимон аз нигоҳи дини ислом

Арзиши илм ва олимон аз нигоҳи дини ислом

Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки дини мубини ислом бо иноят ва таваҷҷуҳи хосе, ки ба илм ва илмомӯзӣ дорад, пайравони худро ба он тарғибу ташвиқ менамояд ва пешрафту тараққӣ ва такомулро бар мусалмонон воҷиб гардонидааст, зеро шахс дорои каромат нахоҳад буд, магар пас аз он ки ба фазилати илму дониш ороста шавад.

 

Дини мубини ислом аз пайравонаш мехоҳад, ки ба касби илм эҳтимом варзанд, то онҳоро ба мақоме бирасонад, ки дар ҳар масъалаи моддӣ ва маънавӣ ҳарфи дурусту ниҳоӣ аз они эшон бошад.

Боре Расули Худо ﷺ, дар ҳалқаи саҳобагон фармуданд:

«Агар илм дар Сурайё мебуд, марде аз фарзандони Форс онро дармеёфт». (Ахмад)

Дар китоби «Табйизу-с-саҳифа фи маноқиби Абуҳанифа» имом Ҷалолуддини Суютӣ мегӯяд, ки ҳадиси мазкур дар ҳаққи Имоми Аъзам аст, чунки дар Форс касе дар мақоми илм ҳамдӯши Имоми Аъзам ва шогирдонаш набуд.

Инчунин Имом Абуҳанифа дар васияти худ ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ фармудааст: «Дар овони ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст ва ҳанӯз касрати аёлу фарзандон зеҳнатро мушавваш накардааст, илм биёмӯз. Сипас аз роҳи ҳалол мол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ кун, зеро агар ҳамзамон бо талаби илм ба фикри ҷамъ кардани мол биафтӣ, вуҷуди мол туро ба зиндагии пурайшу нӯш кашад, ки дар натиҷа аз талаби илм оҷиз хоҳӣ монд. Агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ мумкин аст, маҷбур шавӣ ҷиҳати рафъи ҳавоиҷи (масрафоти) аёлу фарзандон талош кунӣ ва чӣ басо аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омӯхтӣ ва на мол ба даст овардӣ»  («Китоб-ул-васият»).

Манзур аз талаби илм натанҳо илми динӣ аст, балки омӯзиши илмҳои муосир низ бар ҳамагон фарз аст. Имрӯз миллати тоҷик бо фарзандони номдори худ ифтихор дорад. Беруниву Сино, Хоразмиву Хайём, Форобиву Абӯмаҳмуди Хӯҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст.

Китоби «Ал-Қонун»-и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Аз рӯи китобҳои Беруниву Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ олимон мадори замину масофаи байни ситорагонро чен мекарданд. Бухориву Имом Муслим, Тирмизиву Байҳақӣ ҳадисҳои Паёмбар, ﷺ мураттаб сохтанд. Месазад, ки имрӯз мо худ илм омӯзем ва фарзандонамонро ба омӯзиши илм ҳидоят намоем, киштиҳои кайҳониро ба фазо барорем, нерӯгоҳҳои атомӣ бунёд намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳоти гуногуни илм дошта бошем, ки муҳтоҷи дигарон набошем.

Хушбахтии мо мардуми шарифи тоҷик аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи илмии шаҳрвандон чи қадар кӯшиш ба харҷ дода дар ин самт навовариҳои зиёде кардаанд ва ҳамеша ҳангоми мулоқот ва вохӯриҳо бо тамоми қишри ҷомеа ба хусус бо намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ҷавонон, мардумро ба илмомӯзию забономӯзӣ таъкид менамоянд.

Мо мардуми ин диёр бояд ҳамеша иқдомҳои пешгирифтаи Роҳбари хирадманди давлатамонро сармашқи ҳаёти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он камари ҳиммат бубандем.

 

(«Китоб-ул-васият»).

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...