Намози иди фитр

Намози иди фитр

Бо лутфи Худованди Мутаол, дар охири моҳи Рамазон, ҳамаи мо ҷашни фархундаи Иди Фитрро якҷоя таҷлил мекунем. Ба таври беҳтарин гузаронидани ин рузи муборак барои мо мусулмонҳо хеле зарур аст. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем ба Шумо дар бораи тарзи дуруст хондани ин намоз маълумоти мухтасар дихем.

Намози идона ба ифтихори Идул фитр воҷиб (амали зарурӣ) барои ҳар касе мебошад, ки намози Чумъаро адо кунад. Намози идона ҳамон шароити намози Чумъаро дорад, ба истиснои хутба (хутба), ки дар намози Иди Фитр суннат аст ва пас аз намози ид хонда мешавад. Хутбаи намози ҷумъа фарз буда, пеш аз фарзи ҷумъа хонда мешавад. Дар ин намозҳо азон ва иқомат хонда намешавад. Намози ид аз дигар намозҳо бо он фарқ мекунад, ки дар он шаш такбири иловагӣ, се такбир дар ракъати аввал, се такбир дар ракъати дуввум мавҷуд мебошад.

Намози ид чӣ гуна гузошта мешаванд

Ракъати аввал

1. Ҷамоати намозгузорон аз паси имом саф мегиранд ва ният мекунанд: “Ният кардам, бигзорам, ду ракъат намози иди Фитрро бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рўй овардам ба қибла, қиблаи ман ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан ли-л-Лоҳи таъоло”.

2. Имом дастҳоро боло бардошта мегўяд: “Аллоҳу Акбар», ҷамоат пас аз имом бо овози паст низ такбири таҳримаро такрор мекунад, сипас намозгузорон дастҳоро болои ишкам мегузоранд (занон бошанд дар рўи сина дастҳоро мегузоранд).

3. Имом бо овози баланд ва ҷамоат бошад, бо овози паст дуои “Субҳонака”-ро мехонанд. Баъди ин се такбири иловагиро бо тарзи зерин мехонанд: Такбири аввал: Имом бо овози баланд (ҷамоат бо овози паст) дастҳоро боло бардошта такбири “Аллоҳу Акбар”-ро мегўянд. (монанди такбири таҳрима), сипас дастҳоро ба қад сар медиҳанд. Такбири дувум: баъди таваққуфи кўтоҳ имом бо тарзи дар боло ишора гардида, такбири дуввумро ба ҷо оварда, сипас дастҳоро ба қад сар медиҳанд. Такбири сеюм: имом каме таваққуф намуда, такбири сеюмро ба ҷо меорад, баъди он дастҳоро ба ҳам пайваст мекунад. Ҷамоат тамоми амалҳоро пас аз имом такрор мекунад.

4. Имом бо овози паст “Аъузу, Бисмиллоҳ”-ро мехонад. Баъд бо овози баланд сураи “Фотиҳа” ва дигар сураро аз Қуръон мехонад. Ҷамоат дар ин вақт хомўш истода, фақат имомро гўш мекунад.

5. Имом ва ҷамоат рукўъ ва суҷудро ба ҷо меоваранд, баъд аз он ба ракъати дуввум бархеста, дастҳоро болои ҳам гузошта, қироати имомро гўш мекунанд.

Ракъати дуввум.

Имом бо овози паст “Бисмиллоҳ”-ро мехонад. Баъд бо овози баланд сураи “Фотиҳа” ва дигар сураро мехонанд. Баъд чун дар ракъати аввал имом бо овози баланд, се такбири “Аллоҳу Акбар”- ро мегўяд ва дар вақти гуфтани такбир дар миёнаи ҳар яки он каме таваққуф мекунад. Баъди такбири сеюм дастҳоро аз ҳам ҷудо накарда, “Аллоҳу Акбар” гуфта, рукўъ ва суҷудро ба ҷо меоваранд, ки баъди он ба ҷалсаи охирин менишинад. Имом ва ҷамоат нишаста, пай дар пай, “Ат-таҳиёт”, “Салавот” дуои “Раббано отино”- ро мехонанд. Баъд “Салом”- ро ба ҷо меоваранд. Намозро ба охир расонида, аввал сарро ба тарафи рост ва баъд ба тарафи чап гардонида, “Ас-салому алайкум ва раҳматуллоҳ” мегўянд. Пас аз намоз, имом ду хутба (хутба) мехонад, ки дар он дар бораи чӣ гуна дуруст иҷро кардани маросими закоти фитр сухан меронад.

Амалҳои суннат пеш аз рафтан ба намози идона

Дар рӯзи ид (рӯзи 1-уми моҳи Шаввол) субҳ зуд аз хоб бедор шуда, ғусл карда, либосҳои аз ҳама зеборо бояд ба бар намуд. Хурдани хурмо (финик) ба шумораи ток ( 3, 5 ё 7) дона суннат мебошад. Дар ҳадиси Паёмбар e, ки аз Анас t ривоят шудааст, омадааст: «Паёмбари Худо e сахар (барои намози идона) бидуни хӯрдани теъдоди хурмо берун намебаромаданд» (алБухорӣ ). Мардҳо хушбўиҳо зада, ба сўи масҷид равон шаванд, дар як роҳ ва бозгаштан бо роҳи дигар ва оромона дар роҳ такбирҳо хонед («Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ла илоҳа илло Ллаҳу, валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳи л-ҳамд»). Дар роҳ мебояд кушодарўй буда ва ба камбағалон садақа дод. Дар рўзҳои ид бояд мусулмонҳоро табрик намуд. Дар рўзҳо ид бояд хешовандон ва дўстонро дидорбинӣ намуда, озору ранҷишҳоро бахшид ва бо қаҳрӣ будагон оштӣ намуд. Ба ғайр аз ин, барои хешовандони фавтида садақа дода, қабри ононро зиёрат намуда, ба арвоҳашон дуо ва Қуръон хонд. Барои бачаҳо дар рўзи ид тўҳфа ва либоси нав мехаранд.

Бояд қайд кард, ки пас аз баромадани офтоб пеш аз намози идона, намозҳои дилхоҳи суннатро, хоҳ дар масҷид бошад ва хоҳ дар хона, хондан макрух аст. Пас аз адои намози идона ин кароҳият аз байн меравад.

(Ибни Абидин, «Радд алМухтор», «Мараки Саадат»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...