Фазилати Моҳи Муҳаррам

Фазилати Моҳи Муҳаррам

Фазилати Моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам нахустин моҳ дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба шумор меравад. Ин моҳест, ки Худованд онро ба худаш нисбат додааст, зеро ин моҳ саршор аз файзу баракат ва неъматҳои бешумор мебошад, рўзҳои ин моҳ беҳтарин рўзҳо баъд аз моҳи Рамазон барои рўза доштан мебошанд.

 

Худованд мефармояд: «Ҳаройина шумори моҳҳо назди Худованд дувоздаҳ моҳ аст дар китоби Худо, рўзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, аз он ҷумла чаҳор моҳи ҳаром аст, ин аст дини дуруст, пас дар он чаҳор моҳ ба хештан ситам макунед». (Тавба; 36)

Мурод аз чаҳор моҳи ҳаром: Зилҳиҷҷа, Муҳаррам, Сафар, Рабиъу-л-аввал мебошад.

 

Баъзе фазилатҳои ин моҳро дар ин ҷо мухтасаран зикр мекунем

  1. Нисбат додани Паёмбар ﷺ ин моҳро ба Худованд, (Шаҳруллоҳил-Муҳаррам) баёнгари он мебошад, ки ин моҳ назди Худованд ҷову манзалат ва хусусияти худро дорад.
  2. Рўза гирифтан дар моҳи Муҳаррам: Абӯҳурайра (рз) аз Паёмбар ﷺ ривоят мекунад, ки он Ҳазрат ﷺ фармуданд: Беҳтарин рўза баъд аз моҳи Рамазон моҳи Худованд аст, ки Муҳаррам ном дорад.
  3. Рўзи Ошўро дар моҳи Муҳаррам аст: Худованд ҳазрати Мусо ва қавмашро аз зулму ситами Фиръавн дар ҳамин руз наҷот дод ва қавми Фиръавнро дар об ғарқ кард. Яҳудиҳо дар ҳамин рўз, ба хотири наҷот ёфтанашон, рўзаи шукрона мегиранд, Паёмбар ﷺ дар ин маврид мефармояд: Аз яҳудиҳо мо ба Мусо наздикем, пас шумо ҳам рўзи Ошўроро рӯза доред.
  4. Худованд ба ин рўз қасам ёд кардааст: Худованд дар сураи Фаҷр қасам ёд кардааст, чунонки мефармояд: Савганд ба шабҳои даҳгона. (Сураи Фаҷр; ояти 1)
  5. Моҳи Муҳаррам беҳтарин моҳҳои сол ба шумор меравад, зеро аввалан Паёмбар ﷺ ин моҳро ба Худованд нисбат додааст, сониян беҳтарин моҳи чаҳоргона аст. Дигар ин ки беҳтарин рўзҳои ин моҳ даҳаи аввали он аст ва беҳтарин рўз рўзи даҳуми ин моҳ, яъне рўзи Ошўро мебошад.
  6. Ҳаром гардонидани зулму қитол дар моҳи Муҳаррам: Худованди мутаъол қитол ва зулмро дар ин моҳ ҳаром гардонидааст, аз ҳамин лиҳоз ин моҳ манзалати олӣ дорад. Ҳазрати Қатода (рҳ) дар мавриди ояти «фало тазлимў фиҳинна анфусакум» - яъне пас дар ин рўзҳо ба худатон ситам макунед, чунин мегўяд: Ҳаройина зулм дар моҳҳои ҳаром нисбат ба дигар моҳҳо хато ва гуноҳи бузург аст. Имом Қуртубӣ (рҳ) мегўяд: Худованд моҳҳои ҳаромро барои зикр хос намудааст ва зулмро дар ин моҳҳо манъ кардааст, зеро ин моҳҳо назди Худованд манзалати олӣ доранд.
  7. Оғози солшумории ҳиҷрии қамарӣ бо ин моҳ аст: Саҳобагони Паёмбар ﷺ барои ихтиёри моҳи аввали соли ҳиҷрии қамарӣ бо ҳам машварат анҷом доданд. Ҳазрати Умар, Усмон ва Алӣ (рз) моҳи Муҳаррамро ихтиёр намуданд, чунки дар ин моҳ қитолу зулм ҳаром аст, пеш аз моҳи Муҳаррам моҳи Зулҳиҷҷа меояд ва Зулҳиҷҷа моҳест, ки мусалмонон адои ҳаҷ мекунанд ва байъат низ дар моҳи Зулҳиҷҷа ба итмом расидааст.

Паёмбар ﷺ фармуданд: "Афзалтарин руза баъд аз рузахои Рамазон, руза гирифтани мухаррам аст,ин мох Худованди аст". (Муслим)

Хулоса ин моҳ моҳи некукори аст. Дуогуи якдигар бошем, кинаву кудурату бадбиниро аз дилҳоямон дур созем. Дар ҳаққи тамоми имондорони чаҳон дуо кунем, Худованд тамоми имондорони чаҳонро сарбаланду муваффақ гардони!

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...