Намози ҷумъа

Намози ҷумъа

Намози ҷумъа

Намози ҷумъа воҷиб, балки он аз муҳимтарин фароиз аст. Фарзияти он бо китобу суннату иҷмоъ собит шудааст. Далелҳои қуръонӣ: Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, чун рўзи ҷумъа ба намоз даъват намоянд, ба сўйи зикри Худо шитобед ва савдои хешро қатъ намоед, ин барои шумо беҳтар аст агар бидонед (Ҷумъа 9).

Қуртубӣ мегўяд: Худованд ҷумъаро барои ҳамаи мусалмонон фарз гардонидааст.

Далел аз суннат: Сухани Паёмбар ﷺ аст, ки фармуданд: «Ҷумъа рафтан барои ҳар мусалмони болиғ фарз аст». (Тирмизӣ)

Паёмбар фармудаанд: «Ҳар касе, ки се маротиба беузр ҷумъаро тарк

намояд, Худованд дар дили ў мўҳр мезанад». (Нассои)

Фазилати рўзи ҷумъа

Олимон байни худ дар хусуси он ки рўзи ҷумъа беҳтарин рўзҳои ҳафта ва рўзе аст, ки офтоб бар он тофтааст, ихтилофе надоранд.

Авс бини Авси Сақафӣ меғуяд, ки аз Расули Худо ﷺ шунидам, ки мегуфт: «Ҳар ки рўзи ҷумъа худро пок намуда ғусл намояд, барвақт хезад, бармаҳал ба масҷид равад, пиёда рафта савор нашавад, ба имом наздик нишаста гўш намояд ва ҳеҷ сухан нагўяд, барои ў ба ҳар қадамаш амали яксолаи ў бо рўзаҳои гирифта ва шабзиндадориҳояш навишта мешавад» (Аҳмад).

Вақти гузоридани он вақти намози нисфирўзй аст. Ҳамагй 10 ракъат аст. Дар он баҷои 4 ракъат намози нисфирўзй 2 ракъат боҷамоат гузорида мешавад.

Бо фаро расидани вақти намоз 4 ракъат суннат, сипас баъди хутба 2 ракъат боҷамоат ва дар анҷом 4 ракъат суннат гузаронида мешавад.

Намози ҷумъа барои шахсони зерин фарз аст:

1 – Мардон. Барои занон ин намоз фарз нест.

2 – Шахсони дар озодй буда.

3 – Шахсони дар сафар набуда.

4 – Тандурустон.

5 – Биноён.

6 – Касоне, ки барои ба намозҳозир шудан монеае надоранд.

Шартҳои баргузории намози ҷумъа

Шартҳои муайяне вуҷуд доранд, ки бо иҷро намудани онҳо адо намудани намози ҷумъа дуруст мегардад:

1 – Гузоридани намози ҷумъа дар вақти намози нисфирўзй.

2 – Пеш аз намоз хутба хондан.

3 –Ҷои намозгузорй бояд барои ҳамаи хоҳишмандон дастрас бошад.

4 –Ҳозир будани миқдори на камтар аз 3 нафар мардон, ба ғайр аз имом.

5 – Иҷозати муфтй барои гузоридани намози ҷумъа.

6 –Ҷои гузоридани намози ҷумъа бояд дар шаҳр ё дар маҳалле баробар ба он воқеъ бошад.

Хусусиятҳои рўзи ҷумъа

Бояд дар назар дошта бошем, ки ин рўз дорои фазилатҳои зиёде аст, ки бояд мусалмон ба он мутаваҷҷеҳ бошад ва беаҳамиятиро раво набинанд. Аз ҷумлаи чунин хусисиятҳо ин аст:

1. Ин рўз дорои соатест, ки дар он дуо иҷобат мегардад.

Дар саҳиҳайн аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: «Дар рўзи ҷумъа соатест, ки бандаи мусалмон дар он вақт рост истода намоз хонад ва аз Худованд чизе талаб кунад, барояш онро медиҳад».

2. Мустаҳаб аст, ки дар рўзи ҷумъа ҳар чи бештар ба Паёмбар ﷺ салавот бифиристем.

Аз Авс Бини Авс ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Беҳтарин рўзҳои шумо рўзи ҷумъа аст, дар ин рўз Одам офарида шуд ва дар ин рўз ҷонашро гирифтанд. Дар ин рўз сўр дамида мешавад ва соъиқа сурат мегирад. Пас салавотро барои ман бештар фиристед, зеро салаваоти шумо ба ман расонида мешаванд». (Абудовуд).

3. Хуб аст агар сураи «Каҳф»-ро дар рўз ё шаби ҷумъа тиловат намоем. Аз Абусаъди Худрӣ омадааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳар ки рўзи ҷумъа сураи «Каҳф»-ро тиловат намояд, Худованд барояш нуреро дар байни ду ҷумъа мебахшад» (Саюти).

Одоби рўзи ҷумъа

Баъзе одобҳо ҳастанд, ки бояд риоя шаванд ва ҳамеша иҷро гарданд:

1.Покизагӣ. Покиза намудан корест илова бар ғусл. Суннат аст, ки мўйҳои зери ноф ва зери бағал дур карда шуда, муйлабҳо паст ва нохунҳо кўтоҳ карда шаванд. Албатта, ин корро лозим нест, ки ҳар ҷумъа анҷом диҳад, балки лозим он аст, ки рўзи ҷумъа аз назар гузаронад ва бинад чун баланданд, албатта, ислоҳ кунад.

2.Истифодаи атри равғанӣ. Истифодаи хушбўйиҳо, агар бошанд, суннат аст. Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Бояд ҳар болиғ рўзи ҷумъа ғусл намуда, дандонҳоро мисвок кунад ва миқдори тавоноияш хушбўйӣ намояд» (Муслим).

3.Истифодаи мисвок.

4.Ба намози ҷумъа барвақт рафтан. Барвақтар рафтан ба

ҷумъа мустаҳаб аст, зеро Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Ҳар ки рўзи ҷумъа ба мисли ғусли ҷанобат ғусул намуда ба масҷид равад, гўё шутуреро қурбонӣ намудааст. Ва ҳар ки дар соати дуюм равад, гўё говеро қурбонӣ намудааст ва ҳар ки дар соати саввум равад, гўё гўсфанде қурбонӣ намудааст ва ҳар ки дар соати чорум равад, гўё мурғеро қурбонӣ намудааст ва ҳар ки дар соати панҷум равад, гўё тухмеро садақа намудааст, зеро чун имом ҳозир шуд, дигар малоикаҳо нишаста гўш мекунанд». (Бухорӣ)

МУҲАММАДФАРУХ АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...