Зиндагии Паёмбар ﷺ

Зиндагии Паёмбар ﷺ

Хонандагони азиз! Дар бораи зиндагии Паёмбар ﷺ сухан кардем, ки барои мо донистани таърихи зиндагии Паёмбар ﷺ хело муҳим аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо ба моҳи милоди Паёмбар ﷺ табрик менамоям!!!

 

Паёмбари Худо ﷺ дар шаҳри Маккаи мукаррама субҳи рўзи душанбе 12-умиРабиул-аввал мувофиқ ба 20-уми апрели соли 571 мелодӣ ба дунё омадааст. Ў аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба Банӣ Ҳошим мансуб аст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва баъди 2-моҳи ҳомиладории завҷааш аз дунё рахти сафар баст. Баъд аз шаш сол модараш Омина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Паёмбари Худо ﷺ-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб ба зимма гирифт, аммо дар синни 8-солагии Паёмбар ﷺ  бобояш низ аз дунё мегузарад, сипас парастории ўро амакаш Абутолиб ба зимма мегирад. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ Паёмбари Худоﷺ амакаш Абўтолибро дар сафарҳои тиҷоратиаш ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст ва ҳамон вақт дар шаҳри Бусро, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Буҳайро ояндаи бузурги Паёмбар ﷺ-ро ба Абўтолиб пешгӯӣ намудааст. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ то бистучорсолагиаш дар хизмати амакҳояш буд ва ҳангоми хизмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушгуфторӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро «Амин» мехонданд.

Аминӣ ва бовиҷдонии он Ҳазрат ﷺ  таваҷҷуҳи Бибӣ Хадиҷа  - яке аз занҳои сарватманди Маккаро ба худ ҷазб кард, аз ин рў, Паёмбари Худоро дар корҳои тиҷоратии хеш ҷалб намуд. Ҳазрати Хадиҷа  - зани бешавҳари бодавлат, аз хешовандони дури Ҳазрати Муҳаммад ﷺ, духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф буд. Паёмбари Худо ﷺ корвони тиҷории Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Баъд аз ин сафар ва соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Ҳазрати Хадиҷа  чил сол дошт ва Ҳазрати Муҳаммад ﷺ биступанҷсола буданд.  Ҳазрати Муҳаммад ﷺ дар умум ҳафт фарзанд дошт, ки аз онҳо 3-тояш писар буд. Писарон дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадиҷа ба дунё омад, баъд аз ин ӯ боз 14 соли дигар зиндагӣ кард ва дар синни 65-солагиаш ин дунёро падруд гуфт.

Ҳангоме ки синни мубораки Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ба чил солагӣ расид, дар моҳи Рамазони соли 610, дар ғори Ҳиро фариштаи ваҳй аввалин пайғоми илоҳӣ, яъне панҷ ояти сураи «Алақ»-ро ба ў нозил кард. Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ рўзи душанбе, 12-уми рабиул-аввали соли 11 ҳиҷрӣ, баробар ба 8-уми июни соли 632 дар Мадинаи мунаварра маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гардид.

 

(Мухаммад фарук Азимов)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...