Фазилатҳои моҳи Муҳаррам

Фазилатҳои моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ ҷойгоҳи аввалро дорад. Дар соли 16-уми ҳиҷрӣ, дар замони хилофати Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (розияллоҳу анҳу), бо машварати ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва тасдиқи Ҳазрати Усмон ибни Аффон (розияллоҳу анҳу) ва Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (розияллоҳу анҳу), оғози солшумории ҳиҷрии қамарӣ аз моҳи Муҳаррам муайян гардид.

 

Ин моҳ аз ҷониби Худованд бахусус номида шудааст, зеро пур аз баракат, файз ва неъматҳои бисёр аст. Рӯзҳои он баъди моҳи Рамазон беҳтарин вақт барои рӯза доштани муъмин ҳисобида мешаванд. Худованд дар Қуръон мефармояд:

«Албатта, шумораи моҳҳо назди Худо дувоздаҳ моҳ аст, дар китоби Худо, он рӯзе, ки осмонҳову заминро биёфарид, аз онҳо чор моҳи ҳаром аст. Ин аст дини рост, пас дар он моҳҳо ба худ ситам макунед» (Тавба, 36).

Чор моҳи ҳаром иборатанд аз: Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб.

Дар зер баъзе аз фазилатҳои ин моҳро ба таври мухтасар баён мекунем:

  1. Нисбати Паёмбар ﷺ ин моҳро ба Худо – калимаи «Шаҳруллоҳил-Муҳаррам» (моҳи Худо – Муҳаррам) далели он аст, ки ин моҳ дар назди Парвардигор соҳиби мартаба ва вижагиҳои хос мебошад.
  2. Рӯза доштан дар моҳи Муҳаррам – Абуҳурайра (розияллоҳу анҳу) аз Паёмбар ﷺ ривоят мекунад, ки ҳазрат фармуданд: «Беҳтарин рӯза пас аз моҳи Рамазон, моҳи Худо – Муҳаррам мебошад».
  3. Рӯзи Ошӯро – дар ҳамин моҳ ҷойгир аст. Худованд Ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) ва бандагони муъмини ӯро аз зулми Фиръавн раҳонид ва Фиръавни ситамгарро ғарқ сохт. Яҳудиён ба шукрона дар ин рӯз рӯза мегиранд. Паёмбар ﷺ дар ин бора фармуданд: «Мо ба Мусо наздиктарем аз онҳо, пас шумо низ рӯзи Ошӯроро гиромӣ доред».
  4. Савганд ёд кардани Худо ба ин рӯз – Парвардигор дар сураи «Фаҷр» қасам ёд карда мефармояд: «Савганд ба шабҳои даҳгона» (Фаҷр, 1). Бисёре аз муфассирон ин шабҳои даҳгонаро даҳаи аввали моҳи Муҳаррам медонанд.
  5. Беҳтарин моҳи сол – Муҳаррам на танҳо аз ҷиҳати нисбат ба Худо, балки аз лиҳози ҳаром будан ва умдатарин моҳи чоргона ҳам мақоми волое дорад. Дар ин моҳ, беҳтарин рӯзҳо даҳаи аввал ва афзалтарин рӯз рӯзи даҳум, яъне Ошӯро мебошад.
  6. Ҳаром будани зулм ва ҷанг – Худованд дар моҳи Муҳаррам ҷангу ситамро манъ кардааст, ки ин ба ин моҳ шукӯҳи вижае бахшидааст. Ҳазрати Қатода (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири ояти «фало тазлимӯ фиҳинна анфусакум» (дар ин моҳҳо ба худатон ситам макунед) мегӯяд: «Зулм дар моҳҳои ҳаром нисбат ба дигар моҳҳо хато ва гуноҳи сахттар аст». Имом Қуртубӣ (рҳ) низ мегӯяд: «Худованд моҳҳои ҳаромро барои зикри Худ хос гардонида ва зулмро дар онҳо манъ кардааст, зеро ин моҳҳо дар назди Парвардигор мартабаи олӣ доранд».
  7. Оғози солшумории ҳиҷрии қамарӣ – Саҳобагони Паёмбар (с) дар бораи интихоби моҳи аввали сол ба машварат нишастанд. Ҳазрати Умар, Усмон ва Алӣ (розияллоҳу анҳум) моҳи Муҳаррамро пешниҳод карданд, зеро дар ин моҳ ҷанг ва ситам раво нест. Ҳамчунин, пеш аз он моҳи Зулҳиҷҷа меояд, ки мусалмонон ҳаҷро ба анҷом мерасонанд ва байъат ба итмом мерасад.

 

Хотирасон менамоем, ки имсол саршавии моҳи Муҳаррам ба рўзи чоршанбе 17-уми июн рост омад.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...