Дар тарбияи фарзандон диққат бояд дод

Дар тарбияи фарзандон диққат бояд дод

Дар тарбияи фарзандон диққат бояд дод

Тарбияи фарзанд дар асоси сухан ва амал аст. Сухан асоси тарбия ба ҳисоб меравад. Мо бо фарзандонамон бо сухан муомила мекунем, бо сухан тарбия мекунем, бо сухан ҳавасманд мекунем, бо сухан мадҳ мекунему бо сухан ғазаб мекунем. Аз таҷрибаҳои гуногун дар ҳалли мушкилиҳои тарбиявӣ дарёфтам, ки дар бадрафтории фарзандон истифодаи калимаҳову суханҳои ноҷо аз тарафи падарону модарон сабаб шудааст.

 

 

Чанд рӯз қабл бо ҷавоне, ки аз хонааш гурехтааст, ҳамсуҳбат шудам ва ў аз ман хост, то ба суханҳое, ки аз волидайнаш шунидааст, гӯш диҳам. Хулоса чунин буд, ки суханҳои баде, ки аз онҳо ҳар рӯз шунидааст, сабаб шудаанд, ки ин ҷавон аз хонаашон фирор кунад.

Дар ин мақола даҳ суханеро, ки рӯҳияи кӯдакро мешиканад ва онҳоро ба бадрафторӣ ташвиқ мекунад, ҷамъ овардаам.

  1. Дашном додани кӯдак бо васфе аз ҳайвонот, масалан хар, саг, гов, ҳайвон.
  2. Таҳқир кардани кӯдак бо сифатҳои манфӣ, мисли бадбахт, дурӯғгӯй, дузд, фарбеҳ, ланг ва ғайра. Чунин таҳқир мисли ангишти сӯзон дили кӯдакро оташ мезанад.
  3. Муқоиса кардани кӯдак бо дигарон шахсияти кӯдакро хароб мекунад, зеро ҳар як кӯдак қудрату маҳорати гуногун дорад ва аз дигарон фарқ мекунад. Муқоиса кардан кӯдакро водор мекунад, ки худро нуқсондор эҳсос кунад ва боварӣ ба худро дар ў мекушад, дар натиҷа кӯдак ба шахси муқоисакунанда нафрат пайдо мекунад.
  4. Муҳаббати бо шарт, яъне волидайн кўдакро ба шарте дӯст медоранд, ки фалон корро анҷом диҳад ва агар надиҳад, ўро дӯст намедоранд. Мисол: "Ман туро дӯст намедорам, зеро фалон кор кардӣ. Туро дӯст медорам, агар вазифаи хонагиятро адо намоӣ". Муҳаббати бо шарт ба кӯдак чунин эҳсос пайдо мекунад, ки ӯро дӯст намедоранд ва намехоҳанд ӯ ҳамроҳашон бошад. Чунин кӯдак ба воя расад, волидайнашро дӯст намедорад, зеро дар хурдӣ худро бад эҳсос мекард. Барои ҳамин ҳамаи кӯдакон бобою модаркалонашонро хеле зиёд дӯст медоранд, чун муҳаббати онҳо бо шарт нест.
  5. Маълумоти нодуруст, мисли "Мард гиря намекунад. Ин кӯдак маро девона кард. Ман қудрати ӯро надорам. Аллоҳ туро азоб медиҳад ва дар оташ месӯзӣ".
  6. Таҳқир ва паст задани рӯҳияи ў, мисли" Ту намефаҳмӣ. Хомӯш шав, шайтон. Аз ту фоидае нест".
  7. Таҳдиди нодуруст, масалан: "Саратро мегирам. Хунатро мемакам. Мекушам".
  8. Манъ кардани ғайри қаноатбахш, масалан доимо талабашро бе зикри ягон сабаб бо қавли "Не" рад кардан.
  9. Дуои бад кардан, масалан: "Худо гирад туро. Мур. Лаънатӣ. Падарлаънат".
  10. Шарманда кардани ӯ, кашф кардани асрор ё хусусиятҳои ў.

Ин буд он даҳ сухане, ки рӯҳияи кӯдакро хароб мекунанд. Пас аз таҷриба ва таҳқиқи кӯдакони наврас ва суҳбатҳо бо падарону модаронашон дарёфтам, ки ҳар як кӯдак аз волидайнаш то 16 ҳазор калимаи дашном, таҳқир ва дуои бад шунидааст. Акнун тасаввур кунед, ки як кӯдаки панҷсола аз волидайнаш аллакай наздик ба 5 ҳазор суханони шикастдиҳанда дар қомусаш дорад, ки асари ин суханҳо аз бомбаи атомӣ дар ҳаёти кӯдак зиёдтар хоҳад шуд ва ҳаёту шахсияташро хароб хоҳад кард.

Паёмбари акрам барои мо инро хулоса карда гуфтаанд:

"Мӯъмин таъназананда, лаънаткунанда, фаҳшогӯянда ва бадсухан нест". (Ривояти Тирмизӣ)

Асл он аст, ки бояд шахси мӯъмин аз чор сифати бад дур ва баръакси он сифатҳои накӯро дошта бошад. Ба фарзандон бояд бо муҳаббат, ҳавасманднамоӣ, эҳтиром ва мадҳутаҳсин муомила карда шавад. Сухани накӯ беҳтарин ато аст. Аллоҳ мегӯяд:

"Гуфтори некӯ ва бахшоиш беҳтар аз садақаест, ки озоре ба дунбол дошта бошад". (Сураи «Баќара», ояти 263)

Мо ба фарзандон хӯроку либос ва бозиҳоро муҳайё мекунем, вале бо сухан рўҳияи онҳоро мешиканем ва хароб мекунем, ки ин хилофи дастури Қуръон аст. Олимони муосир кашф кардаанд, ки сухани накӯ ва садақа бар ақли инсон таъсири ягона доранд. Кӯшиш кунем, ки дар хонаамон суханҳоямонро дониста гӯем, зеро таъсири сухан хеле бузург аст. Сухан инсонро мусулмон ё кофир мекунад. Бо сухан марду зан ба ҳам ҳалол мешаванд, агар гӯянд, ки "Қабул кардам", агар гўяд, ки "Талоқ" кардам», ҳаром мешаванд. Ҳеҷ гоҳ суханро нописанд нагирем. Кӯшиш кунем, ки дар тарбия ва инкишофи дурусти фарзандон бо сухани накӯ саҳм гузорем, ки иншоаллоҳ, ояндаи беҳтарин барояшон муҳайё бошад.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...