Шаби Қадр

Шаби Қадр

Шаби Қадр

Яке аз фазилатҳои ин моҳ ин аст, ки ғолибан дар шаби 27-уми ин моҳ шаби Лайлатул Қадр аст. Мувофиқи матлаб аст, ки чанд сухане аз фазилати ин шаби муборак нависем.

 

Дар ин шаб амалҳои беҳтарин монанди зиндадории тамоми шаб, бедор намудани аҳл, кўшишу ҷаҳд дар анҷоми амалҳои нек, намозҳои таҳаҷҷуд, нафл, зикр, дуъо ва қироати Қуръон, анҷом додан даркор аст.

 Оиша мефармояд, ки «Паёмбар ﷺ даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷӯст».

Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Паёмбар ﷺ мефармояд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон биҷӯед». Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи мӯъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.

 Ба ростӣ, ки бештари мардуми мо аз манофеъи хеш ғофиланд ва шабҳояшонро ба гуфтугузорҳои бефоида ва сайругашт дар хиёбонҳо ва нишастан дар нишастгоҳҳо мегузаронанд ва мо бояд дар ин ду моҳ ба моҳи мубораки Рамазон таёри бинем. Мақсади мо огоҳ намудани шахсонест, ки ин вақтҳои бузургро зоеъ мекунанд. Парвардигоро бар ҳамаи мо тавфиқи амалҳои солеҳро ато бифармо. Омин!

 

Азимов Мухаммад Фарук

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...