Намоз

Намоз

Намозҳои фарз ва суннатҳои бо он пайваст шуда.

 

1 - Намози саҳарӣ (Бомдод).

2 ракъат суннат ва 2 ракъат фарз.

2 - Намози нисфирӯзӣ (Пешин).

4 ракъат суннат, 4 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.

3 - Намози баъди нисфирӯзӣ (Аср).

 4 ракъат фарз аст.

4 - Намози бегоҳӣ (Шом).

 3 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.

5 - Намози шабона (Хуфтан).

 4 ракъат фарз, 2 ракъат суннат ва 3 ракъат воҷиб намози Витр.            

 

Шартҳои намоз

1 - Доштани таҳорати хурд ва таҳорати калон.

2 - Пок кардани бадан, либос ва ҷойи намозгузорӣ аз нопокиҳои табиӣ - наҷасҳо.

3 - Бо либос пӯшонидани шармгоҳи бадан.

Эзоҳ:

Аврат барои мардон - қисми бадан аз ноф то қисми поини зону, барои занон - тамоми бадан, ғайр аз рӯй, панҷаҳои дастон ва пойҳо то шитоланг.

4 - Рӯй овардан ба Каъба.

5 - Гузоридани ҳар намоз дар вақти муайяншуда.

6 - Ният, хоҳишу иродаи дохилӣ доштан барои адои намоз.

7 - Оғоз намудани намоз бо такбир, яъне «Аллоҳу Акбар» гуфтан.

 

Фарзҳои намоз

1 - Намозро рост истода гузоридан, агар барои ин монеае набошад.

2 - Хондани Қуръони карим.

3 - Хам кардани миён (рукуъ).

4 - Сарро хам карда, пешонӣ ба замин расонидан (саҷда).

5 - Нишастан ҳангоми қироати дуъои «ат-Таҳийёт» дар охири намоз.

 

Воҷиботи намоз

  1. Хондани сураи “Фотиҳа” дар ҳар ракъати намоз.
  2. Дар ду ракъати аввалии намози фарз ва дар ҳар ракъати дигари намозҳои ғайри фарз (витр ва нафл) хондани як сура, ё се ояти кӯтоҳ ё як ояти дароз бар замми сураи “Фотиҳа”.

3 - Ҳангоми саҷда бинии худро ба замин расонидан.

4 - Ба таври комил ба ҷо овардани рукн (таъдили аркон)-ҳо.

 

Эзоҳ:

Рост истодан дар вақти қиём, дар вақти рукуъ пуштро рост доштан. Баъди рукуъ рост истодан. Дар байни ду саҷда ҷалса (нишаст)-ан.

5 - Дар ҷалсаи аввал ва охири намоз хондани «ат-Таҳиййот».

6 - Пас аз хондани «ат-Таҳиййот»дар намози фарз ва воҷиб дархол хестан ба ракъати сеюм.

7 - Дар охири намоз ба рост ва ба чап салом додан: «Ассалому алейкум».

8 - Дуои Кунут дар Витр намоз хондан.

9 - Дар намози ҷамоъат имом ал-Фотиҳа ва сураи иловагиро дар намози бомдод ва дар ду ракъати аввали намози шом ва хуфтан бо овози баланд хондан.

10 - Дар намози пешин ва аср, бо овози паст хонда мешавад, ва дар ракаъати сеюм ва чоруми намози шом ва хуфтан пас хонда мешавад. Намозҳои суннат, бо овози паст хонда мешаванд.

 

“Таҳорат ва намоз”

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...