Закоти фитр

Закоти фитр

Бо фарз гардонидани рӯза соҳиби шариат ҳамзамон инсони рӯзадорро аз ахлоқи зишт ва суханони қабеҳ манъ кардааст, ки ин ниҳоят низоми ҳакимона ба шумор меравад.

 

Рӯзаи кас набояд бо разолатҳо ва зиштиҳо ҳамсон гардад. Инсон, ки хатокор аст ва имкон дорад, ки аз ӯ дар давоми рӯза доштанаш хатое сар занад, Худованд барои пок ва маҳв сохтани он хато закоти рӯзаро машруъ гардонидааст. Закот яъне пок сохтан, тоза намудан аст, ки бо ин васила дар охири рамазон, қабл аз намози ид фарди муъмин хатову иштибоҳи худро метавонад ҷуброн кунад, ки ин асосан ба фоидаи шахси рӯзадор аст.

 

Ҳукми закоти фитр

Дар асл закоти фитр воҷиб аст. Чунки Қуръону суннат (ҳадисҳои паёмбар (с) бар воҷиб будани он иттифоқ доранд. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯяд: “Расули Худо (с) закоти фитрро ҳамчун поксозандаи шахси рӯзадор аз суханони лағву беҳуда ва амалҳои зишту фаҳшо фарз гардонида, ҳамзамон онро таоми мискинҳо қарор додааст. Ҳар касе онро қабл аз намози ид адо кунад, закоти мақбул аст ва ҳар касе баъд аз намози ид адо кунад, пас он як навъ садақае аз садақаҳои маъмулӣ ба ҳисоб меравад” (Ривояти Абудовуд). Уламои Ислом бар асоси ин амри Паёмбар (с) закоти фитрро воҷиб шуморидаанд.

 

Шартҳое, ки дар закоти фитр лозиманд

Ислом. Закоти фитр танҳо ба марду зан ва хурду калони мусалмонон воҷиб мегардад ва ба ғайри мусалмонон додани он воҷиб нест.

Ғанӣ. Яъне фарди мусалмон бениёз бошад. Дараҷаи бениёзи дар доштани мол ба андозаи нисоби закот ҳисоб мешавад.

Вақт. Яъне закот ба монанди рӯзаву намоз вақти муайяни худро дорад, ки бояд риоя шавад ва он аз ғуруби офтоби охирин рӯзи рамазон шуруъ гардида, то пеш аз намози ид мебошад.

Бояд гуфт, ки фароҳам гардидани шартҳои мазкур зарур буда, ҳукми воҷибияти закоти фитрро истисно мекунанд. Ҳамчунон таъкид бояд кард, ки дар адои закоти фитр саҳлангорӣ накарда, лозим аст, ки қабл аз намози ид дода шавад. Баъзеҳо надониста, онро баъд аз намози ид ато мекунанд, ки закоти фитри эшон ба ҳисоб нарафта, як навъ садақаи маъмулӣ мебошад.

 

Миқдори закоти фитр

Миқдори закоти фитрро Расули Худо (с) худ муайян намудаанд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки “Расули Худо (с) закоти фитри рӯзаро бар бардаву (ғулом) озод, марду зан ва хурду калон, ба миқдори як соъ (ченак, андоза) хурмо ва ё як соъ ҷав, фарз гардонидаанд”. Тибқи ҳисоботи имрӯза як соъ ба андозаи 3кг 600г мебошад. Ҳамин тариқ 1кг 800г. гандум, ё 3кг 600г ҷав ва ё 3кг 600г биринҷ метавонад садақаи фитрро пардохт созад. Таъкид бояд кард, ки ин миқдор ҳадди камтарин ба ҳисоб рафта, аксар барои ононест, ки молу дороии кам доранд. Аммо нафарони тавонову сарватманд метавонанд ба қимати мавизу ғулинг ва ғайра закоти фитри худро адо намоянд. Ҳукми Закоти Фитр ин аст, ки аз ҳар аъзои хонавода додан, фарз мебошад. Ба ҷои маводи хӯрока шахс метавонад пул бидиҳад.

 

 

Муҳаммадфарух Азимов

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...