Аҳаммияти дуо

Аҳаммияти дуо

Худованди пок бандагонашро дар тамоми ҳолатҳо ба дуо кардан фармон медиҳад ва аз онҳо хостааст, ки дар ҳар ҳол ба даргоҳи раҳматаш даст ба дуо бардоранд, бо ихлосу ашку эътирофи заъфу гуноҳ бо қалби шикаставу тавозуъу хоксорӣ аз Ӯ бихоҳанд ва ба ваъдаи қатъии Ӯ дар робита ба иҷобати дуо умедвор бошанд.

Паёмбарон ҳам дуо мекарданд

Бетардид паёмбарони илоҳӣ аз назари ақлу фаҳмиш ва ахлоқу муомила аз тамоми инсонҳо бартаранд. Ҷону дилҳои онҳо аз дигарон нуронитар ва огоҳии онҳо ба ҳақиқати ғайбӣ ва мушоҳидаҳо комилтарин огоҳӣ аст ва ҳақиқатро ончунон ки ҳаст, медонанд.

Бо вуҷуди ин, ҳама пайваста аз дилу ҷон дуо доштанду пайравони худро низ ташвиқ ба дуо мекарданд ва бо Худои худ роз мегуфтанд. Дуоро мояи рушди ҷон ва поккунандаи дил ва омили ҳалли ҳар мушкилӣ медонистанд ва яқин доштанд, ки ҳеҷ хоҳанда аз даргоҳи Парвардигор бенасиб барнамегардад ва дар истиҷобати дуо ҳеҷ шакку тардиде надоштанд.

Қуръони маҷид ин ҳақиқатро равшантар аз рӯз аз забони пок ва дили тобноки Иброҳим чунин ҳикоят мекунад:

«Сипос он Худойрост, ки ба ман – бо вуҷуди калонсолӣ – Исмоил ва Исҳоқро ато кард. Ҳамоно Парвардигори ман шунавандаи дуо аст». Сураи «Иброҳим»; ояти 39.

Дуо қудрате аст, ки ҳазрати Закариё низ дар пирӣ аз Парвардигори меҳрубон дархости фарзанд кард ва Худои азиз дархости ӯро иҷобат намуда, ба ӯ ва ҳамсараш, ки дар синни нозоӣ қарор дошт, Яҳё – ро бахшид. Худованд мефармояд:

«Ва Закарийёро (ёд кун), чун ба Парвардигори худ нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор ва Ту беҳтарини ворисонӣ!». Пас дуои ӯро қабул курдем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва зани ӯро барои ӯ некӯ сохтем. Ба дурустӣ ки ин пайғамбарон дар некиҳо шитоб мекарданд ва Моро ба умеду бим мехонданд ва барои Мо фурӯтан буданд. Сураи «Анбиё»; оятҳои 89– 90

Юнус низ аз торикии шиками моҳӣ ба воситаи дуо наҷот ёфт:

«Ва Зуннунро (ёд кун) чун хашмнок рафт; гумон кард, ки бар вай танг нагирем. Пас, дар торикиҳо бо он нидо кард, ки: «ғайри Ту ҳеҷ Худое (барҳақ) нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ ки ман аз ситамгарон будам». Пас дуои ӯро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем; ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем». Сураи «Анбиё»; оятҳои 87– 88

Дуо дар суннати набавӣ ﷺ

Дуо дар суннати набавӣ ва ривоятҳое, ки аз Паёмбари Худо ﷺ ба мо расидааст, ҷойгоҳи азиме дорад. Суннати набавӣ ба мо таълим медиҳад, ки дуо мағзи ибодат буда амалест, ки бояд ба шакли давомдор анҷом дода шавад. Бандаи муъмин ва пайрави Мустафо алайҳиссалом бояд ҳамеша дар ҳар кору бораш дуогӯ бошад ва пайванде аз дуо бо Худои худ дошта бошад. Ин суннати набавист, ки ба мо мегӯяд дуо бузургтарин амал аст ва ҳар касе ҳоҷати худро тавассути дуо аз Худованди маннон нахоҳад, Парвардигор бар ӯ хашм мекунад. Паёмбар ﷺ мефармояд: «Шахсе, ки аз Худованд савол накунад, Парвардигор ба ў хашм мекунад». (Тирмизӣ)

Барои дақиқтар маълум шудани ҷойгоҳи дуо дар суннати ҳазрати Муҳаммад ﷺ ба ривоятҳои зерин таваҷҷуҳ намоед: Аз Нуъмон ибни Башир ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: «Яқинан дуо ибодат аст».

Сипас Паёмбар ﷺ ин оятро тиловат кард: «Ва Парвардигоратон гуфт; «Ба Ман дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунам! Ҳамоно касоне, ки аз ибодати Ман такаббур мекунанд, хор гардида ба дӯзах дохил хоҳанд шуд». Сураи «Ғофир»; ояти 60.

Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуд:

«Назди Худованд ҳеҷ чизе аз дуо бартар ва бузургтар нест». (Тирмизӣ)

Инчунин аз Салмони Форсӣ ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуд: «Ба дурустӣ ки Парвардигоратон пурбаракату боломақом, боҳаё ва соҳиби карам аст. Ҳар гоҳ, ки бандааш ба сӯи Ӯ дастҳояшро бардорад, аз бандаи худ шарм мекунад, ки дастҳояшро холӣ баргардонад». (Абўдовуд)

Ҳамин гуна тавассути дуо робитаи мустаҳкаме байни Худованд ва бандааш барқарор мешавад.

«Фазилати дуо»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...