Фазилати моҳи Шаъбон

Фазилати моҳи Шаъбон

Азизон ва хонандагони арҷманд. Имруз ки мо дар омад омади моҳи Шаъбон қарор дорем ва мо бояд манзалати ин моҳро донем.

 

Шаъбон моҳи ҳаштумини соли ҳиҷрииқамарист. Ин моҳ дорои баракот ва фазоили бешуморе аст. Расули акрам ﷺ фармудаанд: «Шаъбону шаҳрӣ ва Рамазону шаҳруллоҳ». Яъне: Шаъбон моҳи ман ва Рамазон моҳи Аллоҳ аст. (Дайламӣ). Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам ﷺ бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фӣ Раҷаба ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон». Яъне: Парваридгоро, моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба моҳи Рамазон бирасон.

 

 

Рӯза доштан дар моҳи Шаъбон

Шаъбон ба маънои шох дар шох шудан аст. Ҳазрати Анас мегўяд: Сабаби ин ки ин моҳ ба Шаъбон номгузорӣ шуд, ин аст, ки дар ин моҳ, некиҳои рўзадор ҳамчун шохҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад. Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа мефармоянд: «Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон) мушоҳида надидаам, ки Паёмбар ﷺ дар он ин қадар ба касрат рўза бигирад. Он Ҳазрат ﷺ бисёр меписандиданд, ки айёми моҳи Шаъбон рўза дошта ба моҳи Рамазон мулҳақ намоянд. (Муслим).

Ҳазрати Усома мегўяд: Эй Расули Худо ﷺ, Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рўза мегиред, сабабаш чист? Расули акрам ﷺ гуфтанд: Ин моҳ, чунон моҳе аст, ки дар миёни моҳи Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумори рўзадорон бошам. (Сунани Насоӣ).

Рўза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннати қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сўи намози фарз комилан мутаваҷҷеҳ мешавад. Ба ин гуна бо рўза гирифтан дар моҳи Шаъбон нисбати унс ва тааллуқи қалбӣ бо рўзаи моҳи Рамазон ҳосил мегардад. Номи моҳи Шаъбон аз калимаи «ташаъъаба» гирифта шуда, маънои вусъатдиҳӣ, паҳншавиро дорад, яъне дар ин моҳ хайру некӣ паҳн мешавад.

Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон дониста мешавад. Зеро чун мусулмон бо иҷрои тамринҳои пешакӣ вориди як моҳи комили рӯзадорӣ мегардад, кулфату машаққати ташнагӣ ва гуруснагиро азоб намедиҳад ва моҳи Рамазонро бо неруву нишот истиқбол мегирад. Ба таври дигар бигӯем, он муқаддимаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръон ба такрори Каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки моҳи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моҳи Шаъбон медаромад, дуконашро баста ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

 

 

Шаби олиқадре бо номи «Барот»

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рўзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад.

Дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар ин шаб ба ғайр аз гуноҳи ҳасудон ҷодугарон, майхорагон, қатъкунандагони силаи раҳм, оқи волидайн, мутакаббирон ва фитнагарон, дигар гуноҳи ҳамаи мусалмонон бахшида мешавад. (Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал). Бинобар ин тавсия мешавад, ки ин шабро бо ибодат ва ёди Аллоҳ таъоло рўз намудан хеле хуб аст.

Ба ин мақсад Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред, рўзона дар рўзи дигар рўза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ў шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад. Аллоҳ таъоло мефармояд: Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро меғфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам». (Ибни Моҷа)

 

Дур будан аз ҳама амалҳои бад

Агарчӣ дар ҳама моҳҳо инсони мусалмон аз ҳама амалҳои бад дур бошем,аммо дар ин моҳ худро барои моҳҳои дигар омода ва одат бикунонем.Дар ин моҳ кӯшиш бояд кунем аз амалҳои бад мисли дурӯғ, тӯҳмату бӯҳтон, шаҳодати бар дурӯғ, мухолифи ҳақ будан, ҷонибдорӣ аз ботил кардан, ботилеро барҳақ ҷилвагар кардан, зулму ситам бар бечорагон кардан, пора гирифтану пора додан, зино, шаробнӯшӣ, ҳаққи касеро хурдан, муъомилаи бад бо хонавода кардан,баҳсҳои дур аз одобу ҳусни муошират дар шабакаҳо анҷом додан ва дигар амалҳои зишту норавои дигар ҷиддан бояд парҳез кунем.

 

Шитоб кардан дар ҳама амалҳои хайр

Хондани намозҳои панҷвақта дар ҷамоъат, рӯза доштан, тиловати Қуръони карим пайваста, хайру садақа кардан, оштӣ кардан бо ҳар касе, ки қаҳрӣ ҳастем, силаи раҳмро риъоят кардан, рафту омад бо хешовандони наздик, бародар, хоҳар, амак, тағо, хола, ризо кардани падару модар ва амсоли ин дар раъси ҳамаи ин аъмол аст. Дур кардани мушкилоти бародари мусалмони дар ҳолати вахим қарордошта, бо ҳар роҳе, ки метавонем (моддӣ ва ё маънавӣ). Кӯмак ба ятимон ва хонаводаҳои ятимдоштаву нодори серфарзанд, адо кардани қарзи қарздоре, бахшидани шахсе аз мо қарздор аст ва онро дода наметавонад, кӯмак ба зиндониёни дар асорат қарордошта, чӣ бо сухан аз онҳо ҳимоят мекунед, чӣ бо мол ва ё метавонед барои озодияшон коре анҷом диҳед. Раҳмати Аллоҳ бепоён аст шояд як амале, ки он холис ва бериё барои ризои Ӯст ҳама гуноҳони дар гузашта анҷомдодаи мову шуморо бахшад. Бикӯшем бештар намозҳои субҳу асрро бо ҷамоъат хонем. Ҳозир шудан дар намози ҷумъа ва пас аз аср то шом соати иҷобати дуъоро аз ёд набарем. Зикрҳои субҳу шомро набояд аз хотир барорем ва ба зикрҳои маснунаи дигар ҳам бештар забонамонро одат кунонем. Намози таҳаҷҷуд ё қиёми шабро тарк накунем, агарчӣ бо адо кардани ду ракаъат ҳам бошад.

Хулосаи калом ин аст, ки моҳи Шаъбон дар шариати Ислом ҳамчун муқаддимаи вуруд ба "зиёфатуллоҳ", яъне меҳмонии Худо дар моҳи Рамазон дониста шудааст. Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд. Умед дорам моҳи шаъбонро ба хубӣ бо анҷоми амалҳои солеҳу солеҳа мегузаронем ва омодагии хубе барои моҳи рамазон мегирем. Аллоҳ моро дар моҳи шаъбон аз бандагони солеҳу муслиҳ бигардонад ва моро ба моҳи мубораки Рамазон солим бирасонад.

 

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...


Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.   Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия”...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...