Фазилати даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон

Фазилати даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон

Фазилати даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон

Даҳ рўзи охири ин моҳ беҳтарини рўзҳо ва шабҳо ҳастанд, бояд чунин бошад, ки мо дар ибодат кўшиши бештаре дошта бошем ва ин вақти қимати худро зоеъ нагардонем. Дар мавзўъи даҳ рўзи охири ва фориғ гардидан барои ибодат ва қатъи алоқа аз дунё ва аҳли он. Ба ростӣ, ки бештари мардуми мо аз манофеъи хеш ғофиланд ва шабҳояшонро ба гуфтугузорҳои бефоида ва сайругашт дар хиёбонҳо ва нишастан дар нишастгоҳҳо мегузаронанд. Мақсад аз гуфтаҳои боло огоҳ намудани шахсонест, ки ин мавсими бузургро зоеъ мекунанд.

 

Тамоми рўзҳо ва лаҳза-лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро қалби моҳи Рамазон гуфтаанд ва он шаби Қадр аст. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд. Борҳо аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст? Вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. Фақат ҳаминро зикр намудаанд, ки «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷў кунед». Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рўзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд.

Модоме ки шаби Қадр ин ҳама фазилату баракат дорад, мўъмини зирак аз ҳар лаҳзаҳои он барои расидан ба савоби илоҳӣ истифода мекунад. Барои шабе, ки умед меравад шаби Қадр бошад, аъмоли фаровоне зикр шудааст, ки ҳар кадом фазилати савоби зиёде доранд:

  1. Ғусл. Мустаҳаб аст, ки наздикиҳои ғуруби офтоб ғусл намоӣ.
  2. Хондани намоз.
  3. Шабзиндадорӣ, ки Паёмбар ﷺ фармуд: «Ҳар кас аз рўи имон ва барои расидан ба савоби Илоҳӣ шаби Қадрро ба ибодат бигзоранд, гуноҳони гузаштаааш омурзида мешавад».
  4. Тавбаву истиғғфор. Аз сидқи дил аз гуноҳҳои худ пушаймонӣ кунем ва аз Худо омурзиш биталабем, ки Ў бисёр тавбапазир аст.

 

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ боз ой.

  1. Тиловати Қуръон. То метавонем Қуръон бихонем, ки дилҳоро равшанӣ мебахшад.

 

Агар дилдодаи аҳли вафоӣ,

Агар аҳли сафои Мустафоӣ.

Биё то рўзу шаб Қуръон бихонем,

Ки дил гирад зи нураш рўшноӣ.

 

  1. Дуъо. Барои падару модар ва барои ҳамаи мўъминон дуъо кунем. Дуъо мағзи ибодат аст ва Худованд фақат ба хотири дуъо ба мо назар мекунад. Ў худ фармудааст: «Маро бо дуъо бихонед, ман дуъои шуморо иҷобат мекунам».

 

Дар даҳаи охири Рамазон панҷ чиз мустаҳаб аст ва бар он таъкид шудааст:

  1. Зинда доштани ҳамаи ин даҳ рўз;
  2. Зиёд кўшиш намудан дар ин рўзҳо;
  3. Изҳор намудани қувват дар итоъат;
  4. Дурӣ ҷустан аз шаҳват ва лаҳзатҳои нафсонӣ дар ин рўзҳо;
  5. Эътикоф нишастан.

 

Зинда доштани шабҳо дар даҳаи охири Рамазон

Хислати авввал ин зинда доштани шабҳо аст ва далел бар он амали Паёмбар ﷺ мебошад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Оиша ривоят шудааст: «Чун даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Расулуллоҳ шабҳоро зинда дошта, хонаводаашро бедор мекард ва бисёр кўшишу ҷиддият менамуд». Инчунин дар ҷои дигар аз модарамон Оиша ривоят шудааст, ки: «Расулуллоҳ бист рўзи ибтидои Рамазонро бо намозгузорӣ ва хобу истироҳат мегузаронид, чун даҳаи охир фаро мерасид, дар он кўшишу ҷиддият менамуд».

 Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо мустаҳаб аст ин бедор намудани аҳли хонавода аст. Паёмбар ﷺ тавре, ки дар ҳадиси Оиша баён шуд дар ин шабҳо аҳлашро барои намозгузорӣ бедор менамуданд. Дар зери калимаи аҳл зану фарзандон дохил мешаванд. Пас, барои мусалмон мустаҳаб аст, ки аҳли оилаашро дар ин шабҳо ба хотири намозгузорӣ бедор кунанд ва фазли ин шабҳоро барояшон баён кунад.

Дар бедор намудани мард завҷаашро ва акси он Паёмбар ﷺ фармудаанд:

«Худо раҳмат кунад мардеро, ки нисфи шаб бархоста, намоз мегузорад ва ҳамсарашро ҳам бедор мекунад ва агар мухолифат варзид, ба рўяш об мепошад ва Худо раҳмат кунад занеро, ки дар шаб бархоста, намоз гузорида шавҳарашро бедор менамояд ва агар имтиноъ варзид, ба рўяш об мепошад».

Аз ҷумлаи амалҳое, ки дар ин шабҳо анҷом бояд дод, ин эътироф намудани банда гуноҳҳои худро ва талаб намудани афв аз даргоҳи Худованд аст. Дар ҳадисе омадааст, ки Оиша аз Паёмбар ﷺ пурсид, ки эй Паёмбари Худо, агар шаби Қадрро дарёфтам чӣ гўям? Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Бигў, эй Бор Худоё! Ту бахшандаӣ ва бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш».

Афв гузашт аз гуноҳҳо аст ва маънояш талаби бахшиши гуноҳҳо, аз байн бурдани онҳо ва нобудсозии асароти онҳост.

 

Ҳамаи он чизе, ки зикр кардем, аз ҷумлаи масоиле мебошад, ки бар мусалмонон амал намудан ва аҳаммият додан ба онҳо воҷиб аст. Аз Худованд талаб дорем, ки мову шуморо аз ҷумлаи қабулшудагон ва аз ҷумлаи муваффақшудагон бар амали нек гардонад, аз он чи сабаби ғазаби Ў мегардад ва аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо моро ҳифз намуда, тавфиқи амалҳои неке, ки Ў таъоло дўст медорад ва аз он хушнуд мешавад, насибамон кунад. Омин!

(Шуроиуламо.тж)

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...