Намози таробеҳ

Намози таробеҳ

Намози таробеҳ

Намози таробеҳ 20 ракаат буда, ду-ракаатӣ намоз хонда мешавад. Сараввал 4 ракаъат фарзи намози хуфтан хонда, сипас 2 ракаъат суннати намози хуфтан хонда мешавад. Пас аз он намози таробеҳ хонда, дар охир се ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.

 

Намози таробеҳ бо ҷамоат дар масҷид хонда мешавад. Ду ракаъат намози таробеҳ мисли суннати намозҳои дигар хонда мешавад.

 

Нияти намози таробеҳ

Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, (агар бо ҷамоат хонад, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода”), холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

Пас аз хондани чор ракаъати намози таровеҳ, каме нишаста, истироҳат мекунед, ҳангоми истироҳат тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад, ки чунин аст:

 

Тасбеҳи таробеҳ

“Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.

Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.

Пас аз шаби Лайлатулқадр (бо баъзе маъхазҳо даҳаи охири Рамазон) тасбеҳ ба чунин тарз хонда мешавад:

«Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал малики-д-дайён, алмаъруфу бил эҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра Рамазон, Алфироқ, алфироқ ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-нирон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор».

 

Хошияти Тахтови

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...