Қаноат саодати дунёву охират аст

Қаноат саодати дунёву охират аст

Яке аз сифатҳои фозила ва ахлоқи ҳасанаи инсонӣ қаноат аст, ки ҷумла фазоил вобастаи он аст, балки қаноат роҳат дар дунё ва охират аст.

 

Сифати қаноат мисли маркабест, ки одамиро ба манзили мақсуд мерасонад, инчунин василаест, ки саодати абадиро ба ҷониби одамӣ мекашонад, зеро ҳар ки қаноат пеша намояд, ҳамеша фориғбол ва мутмаин хоҳад буд. Инсони қаноатпеша ҳамеша хотирҷамъ аст ва ноил шудан ба комёбии охират ҳам барои ӯ осон хоҳад буд. Баръакси он, касе, ки аз ин сифат маҳрум аст ва тамаъу орзуҳои зиёди баде дорад, ба дунё фурӯ меравад ва ҳамеша хотирпарешон мегардад.

Паёмбари Акрам ﷺ фармудаанд: «Хушо ба ҳоли касе, ки ҳидоят ба дини ислом ёбад ва ба қадри кафоф ба ӯ бирасад ва қаноат пеша кунад».

Инчунин дар ҳадиси дигар фармудаанд: «Эй мардумон чандон саъй дар талаби дунё накунед, зеро ки ба ҳеч кас намерасад, магар он чи барои ӯ муқаддар шудааст ва ҳеч бандае аз дунё намеравад, магар ин ки рӯзие, ки барои ӯ муқаддар аст, ба вай бирасад».

Ривоят аст, ки ҳазрати Мусо аз Ҳақ таъоло савол карданд, ки кадом як аз бандагон ғанитаранд? Фармуд: «Ҳар касе, ки қонеътар аст».

Илоҷи бемории ҳирс қаноат аст ва ҳосил кардани қаноат ин аст, ки худ биандешад, ки мол бо чӣ заҳмате ба даст меояд ва чӣ дарди сарҳое ва офатҳои дунявие дар пай дорад, агар бо роҳи ғайри қонунӣ ва шаръӣ бошад.

Инсон бояд биандешад, ки моли зиёдтар аз қадри зарурат чӣ самару фоидае дорад. Агар аз барои фарзандон захира мекунад, бояд бидонад, ки Худои ӯ ва Худои фарзандонаш якест. Чун ба ӯ рӯзӣ додааст, ба фарзандон низ хоҳад дод. Бояд биандешад, ки ӯ ғами фарзанд мехӯрад, чун аз ӯ зода шудааст. Чигуна Худое, ки ӯро офаридааст, ғами ӯро намехӯрад? Ӯ аз падару модар меҳрубонтар ва қуввати Ӯ бештар аст. Агар Худо тақдири касеро чунин офаридааст, ки бояд ба тангӣ рӯз бигзаронад, агар оламро аз барои ӯ захира бигзорӣ, аз дасти ӯ берун хоҳад рафт.

 

Нигорандаи кӯдак андар шикам,

Нигорандаи умру рӯзист ҳам.

 

Паёмбари Акрам фармуданд: «Тадбири кор, худ нисфи маъишат аст». Инчунин фармуданд: «Ҳар ки қаноат кунад, Худо ӯро бениёз мекунад ва ҳар ки исроф кунад, Худо ӯро фақир мегардонад».

 

Қаноат тавонгар кунад мардро,

Хабар кун ҳариси ҷаҳонгардро.

Қаноат кун эй нафс бар андаке,

Ки султону дарвеш бинӣ яке.

 

Аз миёни мавҷудот се офарида барои худ захира мекунанд: Инсон, муш ва мӯрча. Боқимонда махлуқот субҳгоҳон аз пай рӯзӣ мебароянд ва шомгоҳон бо шиками сер бармегарданд ва захирае надоранд.

Худованди Мутаъол мефармояд: «Ҳар ки парҳезгорӣ кунад, Худо ӯро аз ҳар ғаме роҳи наҷот мубахшад ва рӯзии ӯро мерасонад аз ҷое, ки гумон надошта бошад».

Паёмбари Акрам ﷺ мефармоянд: «Қарордоди Худо он аст, ки рӯзии бандаи муъминро нарасонад, магар аз ҷое, ки гумон надошта бошад».

Ҳар инсоне дар зиндагӣ бояд ба болотар аз худ назар накунад, балки ба пасттар аз худ назар намояд ва итоати шайтонро накунад, зеро он лаин назари ҳар касро дар корҳои дунявӣ ба болотар аз худ меандозад ва ба ӯ мегӯяд, ки фалон ва фалонро нигар, ки чигуна дар неъмат ғарқаанд, чӣ таомҳои лазизе мехӯранд ва чӣ либосҳои накӯе мепӯшанд. Худро аз онхо пасттар накун ва дар талаби дунё сустӣ нанамо. Дар кори дин чашми одамиро ба пасттар аз худ мекушояд ва мегӯяд: Чаро худро заҳмат медиҳӣ ва ранҷ мекашӣ ва ин қадар аз Худо метарсӣ, ки фалону фалон аз ту олимтаранд ва ин қадар наметарсанд.

Худованди таъоло мефармояд: «Ман чун бар бандаи мӯъмин танг мегирам, маҳзун мешавад ва ҳол он ки ин тангӣ ӯро ба ман наздиктар мекунад ва ҳаргоҳ ӯро маъишат медиҳам, фараҳманд мегардад, ҳол он ки ӯро аз ман дуртар мекунад».

Ахборе, ки дар фазилати қаноат расидааст, аз шумор берун аст ва ҳамин хабари машҳур кофист, ки ҳар ки қонеъ шуд, бар маснади иззат по ниҳод ва ҳар киро хори тамаъ дар доман овехт, ба чоҳи мазаллат афтод. Худованди Мутаъол аз вуҷуди бандагони худ ҳирсу афзунталабиро дур гардонад ва ба онҳо неъмати қаноат ато фармояд.

 

(«Мухаммад Фарук Азимов»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...