Тарзи хондани намози Иди Фитр

Тарзи хондани намози Иди Фитр

Тарзи хондани намози Иди Фитр

Иди Фитр идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Дар рӯзи иди Рамазон намози ид хонда мешавад. Хондани намози иди Рамазон воҷиб мебошад. Ин намози ҷамъиятии асосан мардона буда дар масҷид субҳидам пас аз ба итмом расидани моҳи шарифи Рамазон – яъне дар субҳи якуми моҳи Шаввол хонда мешавад.

 

Тарзи хондани намози Иди Фитр чунин аст:

Нияти намози Иди фитр. “Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози Иди фитри Рамазон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллилоҳи таъоло Аллоҳу акбар” гуфта ба намоз дохил мешавем.

 

Ракаъати аввал

Сано (Субҳонакаллоҳума) хонда, се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар гуфта, баъдан имом оромона Аузу ва Бисмилоро тиловат мекунад ва пас Фотиҳа ва Сураро (баланд) мехонад. Намозгузорон хомуш истода имомро гӯш мекунанд. Сипас рукуъ ва саҷда мисли дигар намозҳои ду ракаъата иҷро карда мешавад ва бо ин ракъати якум ба итмом мерасонанд.

 

Ракаъати дуюм

Пас аз саҷда бархеста имом сураи Фотиҳа ва замми сура мекунад. Пеш аз оне ки ба саҷда меравед се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар мегӯед. Чорум маротиба Аллоҳу Акбар гуфта ба рукуъ меравед ва рукуъ ва саҷда мекунед.

Дар нишаст мисли дигар намозҳо Аттаҳиёт ва салавотҳоро хонда, Аллоҳумағфирлиро мехонед ва ба ду тараф салом медиҳед ва дуо мекунед. Дуои баъди намозро метавонед инҷо хонед. Пас аз намоз, имом ду хутба мехонад, ки дар он (ҷамоъат) аҳкоми марбут ба садақаи фитрро меомӯзонад.

Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.

 

Амалҳои суннат дар рӯзи Ид

Дар рӯзи ид (якуми шаввол) пеш аз намози ид миқдори тоқе хурмо ё чизи дигаре (ширин) бихӯред, тавре ки пайғамбар Муҳаммад ﷺ, рӯзи ид хурмо хӯрд ва ба миқдори тоқ хӯрд. Ғусл кардан, бухур кардан, ис-

тифодаи мисивок, пӯшидани либоси беҳтарин, садақа додан. Пеш аз оғози намози ид шахс бояд пиёда равад ва оромона такбир хонад ва барои бозгашт (ба хона) ӯ роҳи дигарро пеш мегирад. (Хошияти Тахтови)

 

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...