Қурбонӣ ин суннати Иброҳим аст

Қурбонӣ ин суннати Иброҳим аст

Қурбонӣ ин суннати Иброҳим аст

Қурбониро ба номи Аллоҳ чун нишонаи шукру сипосгузорӣ барои неъматҳои Ў ба ҷо меоваранд.

Чун қурбонӣ ибодати молист, дар дини ислом ҷойгоҳи хосса дорад. Қурбонӣ ин суннати Иброҳим аст, ки ҷонвареро сидқан барои ризои Худо забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша  ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺфармудаанд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорвои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорвои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Тирмизӣ)

Расулуллоҳ ﷺ дар Мадина бардавом қурбонӣ мекард ва дар айёми Ҳаҷ 63 қурбонӣ кардааст, ки шояд солҳои умрашонро ба инобат гирифтааст.

Барои кӣ қурбонӣ кардан воҷиб мебошад

Бояд шахси қурбоникунанда:

1) Мусалмон бошад;

2) Оқил бошад;

3) Ба балоғат расида бошад;

4) Озод бошад(ғулом набошад);

5) Дар мусофират набошад;

6) Ба миқдори нисоб (моле, ки арзишаш баробари 80.г тилло бошад такрибан 301 хазор рубл мебошаб) дар рӯзҳои қурбони (ин 10, 11, ва 12-ми моҳи Зулҳиҷа) мол дошта (тамоми сол доштани нисоби мол ҳатмӣ нест) бошад;

Чӣ гуна қурбонӣ ба ҷо оварда мешавад

Қурбониро дар се рўзи иди Қурбон ба ҷо меоваранд (ин 10, 11, ва 12-ми моҳи Зулҳиҷа). Беҳтараш рўзи аввали ид мебошад. Дар шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, куҷое, ки намози ид баргузор мегардад, баъд аз анҷоми намоз қурбонӣ ба ҷо оварда мешавад. Вале дар рустоҳое, ки дар он ҷо намози ид хонда намешавад, қурбониро баробари фаро расидани субҳидам ба ҷо меоваранд.

Қурбониро дар шаб кардан макрўҳ мебошад. Агар ҷои қурбонӣ хуб равшан бошад, ин амал макрўҳ ҳисобида намешавад.

Ҳар касе, ки қурбониро сар бурида метавонад, бояд ин корро худаш анҷом диҳад ва агар натавонад, метавонад дигар шахсро вакил кунад.

Ҳайвони қурбониро ба паҳлуи чап хобонида, сарашро ҷониби қибла гардонидан лозим аст. “Бисмиллоҳ, Аллоҳу Акбар” гуфта, сурхрўда, роҳи нафас ва раги вариди онро мебуранд. Такбири “Ташриқ”-ро низ мехонанд:

“Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳи-л-ҳамд». “Аллоҳ бузург аст, Аллоҳ бузург аст, нест худованде ба ғайри Аллоҳ, Аллоҳ бузург аст ва ҳама ҳамду сано бод Аллоҳро”.

Нияти қурбонӣ: “Худовандо, ба хотири ризои Ту қурбонӣ мекунам”.

Агар забҳкунанда дидаву дониста “Бисмиллоҳ” нагўяд, гўшти ҳайвони кўшташуда ҳаром мегардад. Агар ў аз рўи фаромўшӣ нагуфта бошад, ҳалол хисобида мешавад.

Ҳайвоноте, ки Қурбонӣ кардани онҳо иҷозат аст ва ҳайвоноте, ки Қурбонӣ кардани онҳо иҷозат нест

Барои қурбонӣ танҳо ҳайвонҳои зеринро забҳ кардан иҷозат дода мешавад; гўсфанд, буз, гов ва шутур. Гўсфанд ва буз бояд аз яксола хурд набошанд. Гов бояд на камтар аз ду сол умр дошта бошад. Шутур бояд панҷсола бошад. Гўсфанди шашмоҳаро қурбонӣ кардан иҷозат аст, ба шарте, ки тану ҷисми он монанди гўсфанди яксола бошад. Барои буз пур кардани яксолагӣ шарти ҳатмӣ мебошад.

Беҳтар он аст, ки якчанд рўз пештар аз рўзи қурбонӣ мол харида, оварда шуда, дар оғилхона нигоҳ дошта шавад. Агар чанд ҳайвони барои қурбонӣ пешбинишудаи якхела, дар як оғилхона нигоҳдорӣ карда шаванд, беҳтараш он аст, ки қурбонии ҳудро бояд нишонӣ гузошт.

Як гўсфанд ва ё як бузро як одам метавонад қурбонӣ кунад. Як гов, ё ки як шутурро аз як то ҳафт одам метавонанд дар якҷояги гирифта, қурбонӣ кунанд. Дар оила қурбонӣ кардани шахсе, ки таъмини оила бар дўши ўст, кифоят мебошад.

Агар ҳайвон каме норасоӣ дошта бошад, масалан: шохаш шикаста бошад, чанд дандонҳояш шикаста бошанд, ё ки каме лангад барои қурбонӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Аммо норасоиҳое мавҷуданд, ки ҳайвонро барои қурбонӣ кардан тамоман нодаркор мегардонанд:

1) Агар як, ё ҳарду чашми ҳайвон кўр бошад;

2) Агар як, ё ҳарду шохи он аз бех шикаста бошад;

3) Агар ними гўш ё думи ҳайвон бурида бошад;

4) Агар ҳайвон ланг буда, ба по хеста натавонад;

5) Агар бе гўшу дум зоида шуда бошад;

6) Бештари дандонҳояш шикаста бошанд, ки ҳайвон чарида натавонад;

7) Агар ҳайвон касал бошад;

8) Агар ҳайвон хеле бемадор бошад;

9) Агар синаҳои ҳайвон зарар дида бошанд;

10) Агар гўсфанд, ё ин ки буз як синааш хушк шуда бошад, агар гов ду синааш хушк гардида бошад.

(«Фиқҳ Муяссар»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...