Таҳорати калон (шустушў) – ғусл

Таҳорати калон (шустушў) – ғусл

ҒУСЛ – шустани тамоми бадан аст.

Фарзҳои ғусл 3-то аст:

1 – Бо об даҳонро то гулў ғарғара кардан.

2 – Ба бинӣ об кашида сахт афшонидан.

3 – Тамоми баданро ягонҷои хушк намонда шустан.

Суннатҳои ғусл:

1 – Се бор шустани панҷаи дастон.

2 – Шустани узвҳои таносул.

3 – Агар дар бадан наҷосат бошад, онро дур андохтан.

4 – Вузў (таҳорати хурд) кардан.

5 – Тамоми баданро се бор шустан.

6 – Се бор болои сари худ об рехтан; сипас се бор – аз китфи рост, баъди он се бор – аз китфи чап.

7 – Дар дил нияти ғусл карданро гузаронида ва он ниятро ба забон рондан: «Ният кардам барои пок шудан ғусл намоям».

8 – Ҳангоми шустани панҷаи дастон «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмонир-Раҳим» талаффуз кардан.

9 – Аз сарфи бе ҳудаи об худдорӣ кардан.

10 – Шармгоҳи худро пўшонидан, хусусан ин ҳангоми дар ҳаммом будан муҳим аст.

11 – Баданро бо кафҳои дастон молиш дода шустан.

12 – Дар макони пўшида аз одамон шустушў кардан.

13 – Дар вақти ғусл сухан нагуфтан.

14 – Дар вақти шустушў кардан рўй ба сўи Каъба нагардонад.

Ғусл кардан бо риояи тамоми фарзҳо, суннатҳо ва қоидаҳои одоб:

Шахсе, ки хоҳиши ғусл кардан дошта бошад, нахуст суханони «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Ра ҳим»-ро талаффуз намуда, сипас ният мекунад. Панҷаи дастонро мешўяд ва зери нохунҳоро пок мекунад. Сипас узвҳои таносул ва тамоми баданро мешўяд. Пас аз ин бо дасти рост ба даҳон об гирифта, се бор дандонҳо ва даҳонро то гулў ғарғара мекунад. Сипас ҳамчунин обро се бор бо дасти рост кашида биниро мешўяд. Барои он ки бинӣ хуб тоза шавад, баъди ҳар бор об кашидан онро бо дасти чап меафшонад.

Сипас таҳорати хурд – вузўро аз рўи тартиби муқаррарӣ адо менамояд. Агар ҳангоми шустушў дар зери пойҳо об ҷамъ шавад, пас пойҳоро дар анҷоми ғусл мешўянд. Баъди вузў кардан се бор болои сари худ, сипас се бор – аз китфи рости бадан, баъди он се бор – аз китфи чап об рехта, тамоми баданро бишўяд. Ноф ва дигарҷойҳоеро, ки ба он ҳо об хуб намерасад, алоҳида бишўяд. Агар мўйҳо дароз бошанд, он ҳоро бикушояд ва бехи мўйҳоро бишўяд. Агар дар бадан захми басташуда мавҷуд бошад ва болои он афтодани об зарар кунад, бо дасти тар захми басташударо масҳ мекунад.

Фоидаи ҷисмонии ғусл:

Ғусл таҳорати пурраи маросимӣ аст, ки инсонро аз нопокии маънавӣ тоза месозад ва бегумон барои бадани ў манфиатовар мебошад. Ғусл фаъолияти ҷисмонии баданро мунтазам ба тартиб медарорад. Баъди ғусл кардан фаъолияти дилу рагҳо беҳтар мешавад ва фишори раги шараён устувор мегардад, нафаскашии пўст беҳтар мешавад, аз қабати пўст миқдори зиёди микробҳои касалиовар дур мегардад.

Ҳолатҳое, ки дар мавриди он ғусл кардан зарур аст:

Мардону занон баъди алоқаи ҷинсӣ, занон – баъди ҳайз дидан ва покшавӣ пас аз зоймон (нифос) ғусл мекунанд. Бехи мўйҳоро шустан фарзи ғусл аст. Агар ҳангоми шустушў об ба бехи мўйҳо бирасад, он вақт барои кушодани кокулҳо зарурат нест. Ҳангоми шустушў чархонидани ангуштарӣ (чалла) ва ҳалқаҳои гузаронидашуда воҷиб аст. Ғарғараи даҳон, об кашида афшонидани бинӣ ва се бор худро дар махзани оби тозае, ки ҳукми оби ҷориро дорад ва масоҳаташ 45-50 метри мураббаъ аст (чор кунча), зери об кардан ғусл ҳисоб мешавад. Ҳамчунин ғусли касе дуруст мешавад, ки дар оби ҷорӣ оббозӣ кунад. Ҳар чизи дар болои пўст, нохун ва зери он буда, ки монеи расидани об бар онҳо мегардад, (лак, хамир вағ.) ғуслро нодуруст мегардонад.

Дар ҳолати набудани ғусл анҷом додани корҳои зерин ҷоиз нест:

1 – Ба масҷид даромадан.

2 – Қуръони каримро хондан.

3 – Даст расонидан ба қуръони карим.

4 – Тавофи Хонаи Каъба кардан.

5 – Намоз гузоридан.

6 – Дар давраи ҳайз дидан ва покшавӣ пас аз зоймон (нифос) занон намоз намегузоранд ва рўза намедоранд.

ПОРАЕ АЗ КИТОБИ

«ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ»

Тарҷума ва таҳрири

Файзулло Бобоев

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.   Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия”...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...