Ҳифзи арзишҳои оилави аз нигоҳи дини

Ҳифзи арзишҳои оилави аз нигоҳи дини

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”.

 

Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд нахустин инсон, яъне ҳазрати Одам алайҳиссаломро офарид, барои сукуни қалбаш ҳамсари ӯ Ҳавворо низ офарид ва аз он ду занону мардони зиёдеро интишор дод. Чунон ки дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Эй мардум! Битарсед аз Парвардигоратон, Он, ки шуморо аз як тан офарид ва аз ӯ ҳамсарашро офарид ва аз он ду мардони бисёр ва заноне интишор дод”. (Сураи “Нисо”, ояти 1)

Пас ҳар инсони соҳибдил бо фаросат дархоҳад ёфт, ки модоме Худои таъоло аввалин инсонро ба оиладорӣ тарғиб намуд, бояд дар ҳифзи он кӯшид. Инчунин Паёмбари акрам ﷺ дар хитоби худ ба ҷавонон фармуданд: «Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ дошта бошад, пас издивоҷ намояд» (Сунани Абӯдовуд).

Аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Дар ин хусус ҳадиси Расули Худост, ки аз он ин масъала хеле фаҳмо дарк мешавад:

«Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнуъ ва одамро аз гуноҳ эмин нигоҳ медорад ва касе, ки имконияти хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза дорад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад» (ривояти Бухорӣ).

Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.

Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ  ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.

Ҳамин тавр, омили динӣ дар таҳкими оилаҳо хеле муҳим аст ва ба эътибор гирифтани он дар рушди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ танҳо ба нафъи пешрафти кишвар хоҳад буд. Комёбии ҳар кишвар аз комёбии оилаҳо сарчашма мегирад, ҳар инсоне, ки дар тарбияи фарзандону аҳли оила комёб бошад, метавонад кишвари орому обод дошта бошад. Барои он ки оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои меҳру муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ташкил карда шавад, ҳар як узви оилаи ояндадорро зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи қонун ва нозукиҳои исломиро аз худ намояд.

 Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тану рўҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеъаи инсонӣ барои башарияти будааст. Дар тўли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи ѓайри таѓйирёбанда ба шумор мерафтааст. Аз дидгоҳи шариати исломӣ, охирин дини тавҳид ва яккахудоӣ бошад, оила дар таҳқиқу рушд ва инкишофу тараққии ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим дошта, ислоҳи оила дар ислоҳи ҷомеа ва фасоди оила дар фасоди ҷомеа муассир ба ҳисоб меравад. Чун оила нахустин ҳалқаи силсилаи ҷомеаи башарист, бунёди ин ҳалқаи муҳими ҷомеаи башарӣ аз назари ҳикмати илоҳӣ, шариъати исломӣ ва мазҳаби роиҷи ҳанафӣ, ки мардуми тоҷик ба он пайрав ҳастанд, мебояд бо назардошти камоли масъулият дар бақодории он сурат гирад.

 

(«Шуроиуламо»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...