Фазилати моҳи Аллоҳ, Муҳаррам

Фазилати моҳи Аллоҳ, Муҳаррам

Моҳи Аллоҳ, моҳи Муҳаррам, моҳи бузург ва муборак аст ва аввалин моҳи соли ҳиҷрӣ ва яке аз моҳҳои ҳаром мебошад, ки Аллоҳ таъоло дар фазли он фармудааст: «Ҳамоно шумораи моҳҳо назди Аллоҳ таъоло аз он рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, дар китоби Аллоҳ таъоло дувоздаҳ моҳ аст. Аз ин (дувоздаҳ моҳ) чаҳор моҳ ҳаром аст. Ин дини дурусту устувор аст. Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед». (Сураи Тавба: 36).

 

Аз Абубакра аз паёмбар ﷺ ривоят аст, ки фармудааст: «Сол дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳи он моҳҳои ҳаром аст, се моҳ пайдарпай, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам, ва Раҷаби Музар, ки байни моҳҳои Ҷумодо ва Шаъбон аст». (Бухорӣ)

Моҳи Муҳаррам ба хотири аз моҳҳои ҳаром будан ва барои таъкиди ҳаром буданаш Муҳаррам номида шудааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст: «Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед». (Сураи Тавба: 36).

Яъне дар ин моҳҳои ҳаром (бар худ зулм накунед), зеро он муаккадатар ва гуноҳаш аз дигар моҳҳо бузургтар аст.

Ибни Аббос оиди ояти зерин гуфтааст:

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед». (Сураи Тавба: 36).

Дар ҳамаи ин моҳҳо (бар худ зулм накунед), сипас аз он моҳҳо чаҳор моҳро махсус гардонида, он чаҳор моҳро ҳаром қарор дод ва ҳурмати ин чаҳор моҳро бузург гардонид ва гуноҳро дар ин моҳҳо бузургтар ва амали солеҳу савобро низ бузургтар қарор додааст.

Қатода оиди ояти зерин гуфтааст:

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед». (Сураи Тавба: 36).

«Гуноҳи зулм дар моҳҳои ҳаром нисбат аз зулм дар моҳҳои дигар бузургтар ва бадтар аст. Гарчанде, ки зулм дар ҳар ҳол гуноҳи бузурге дорад, вале Аллоҳ ҳар як амрҳояшро, ки бихоҳад, бузургтар мегардонад, ва гуфт: Аллоҳ аз миёни халқи худ баргузидагоне интихоб кард, аз миёни фариштагон фиристодагонеро интихоб намуд ва аз миёни мардум паёмбаронеро интихоб кард ва аз миёни суханон зикри худро интихоб намуд ва аз замин масҷидҳоро ва аз миёни моҳҳо моҳи Рамазон ва моҳҳои ҳаромро ва аз рӯзҳо рӯзи ҷумъаро ва аз шабҳо шаби қадрро интихоб кард, пас ончиро, ки Аллоҳ таъоло бузург доштааст, бузург донед. Чунки умур дар назди аҳли фаҳму ақл бар асоси ончи, ки Аллоҳ таъоло бузург доштааст, бузург дониста мешавад».

Мухтасаран аз тафсири Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), тафсири сураи Тавба, ояи 36 ба охир расид.

Фазилати бисёр рӯзаи нофила гирифтан дар моҳи Муҳаррам

Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ ﷺ фармудааст: «Беҳтарин рӯза баъд аз Рамазон, рӯзаи моҳи Аллоҳ, Муҳаррам мебошад». (Муслим)

Дар ҳадис омадааст: (Моҳи Аллоҳ). Нисбат додани моҳ ба Аллоҳ аз рӯи бузургдошт аст.

Вале собит шудааст, ки паёмбар ﷺ ҳеҷ моҳеро ба ғайри Рамазон пурра рӯза нагирифтааст. Аз ин хотир, ин ҳадис бар тарғиби зиёд рӯза гирифтан дар моҳи Муҳаррам ҳамл карда мешавад, на ба рӯза гирифтани ҳамаи (рӯзҳои) он.

Дар моҳи Шаъбон бисёр рӯза гирифтани паёмбар ﷺ собит шудааст. Шояд фазилати Муҳаррам ба ӯ ваҳй нашуда буд, магар дар охири ҳаёташ, пеш аз ин ки ба рӯза доштан имконият пайдо кунад.. Шарҳи Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) бар Саҳиҳи Муслим.

Аллоҳ ҳар замону маконеро, ки бихоҳад интихоб менамояд.

Изз ибни Абдуссалом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Бартарии маконҳову замонҳо бар ду қисм аст:

Аввал: Дунявӣ.

Дуввум: Бартарии динӣ ба ин бармегардад, ки Аллоҳ бар бандагони худ бахшоиш намуда ва савоби амалкунандагонро дар он бештар мегардонад, ба монанди бартарии рӯзаи Рамазон аз рӯзаи дигар моҳҳо ва инчунин рӯзаи рӯзи Ошуро.. Фазли он ба бахшоишу некӯии Аллоҳ бар бандагонаш дар он вобаста аст..

(«Қавоъиду-л-аҳком»)

Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу саҳобагони ӯ бод.

Баъзе фазилатҳои моҳи Муҳаррамро дар ин ҷо мухтасаран зикр мекунем.

  1. Нисбат додани Паёмбар ﷺ ин моҳро ба Худованд, (Шаҳруллоҳил-Муҳаррам) баёнгари он мебошад, ки ин моҳ назди Худованд ҷову манзалат ва хусусияти худро дорад.
  2. Рўза гирифтан дар моҳи Муҳаррам: Абӯҳурайра аз Паёмбар ﷺ ривоят мекунад, ки он Ҳазрат ﷺ фармуданд: Беҳтарин рўза баъд аз моҳи Рамазон моҳи Худованд аст, ки Муҳаррам ном дорад.
  3. Рўзи Ошўро дар моҳи Муҳаррам аст: Худованд ҳазрати Мусо ва қавмашро аз зулму ситами Фиръавн дар ҳамин руз наҷот дод ва қавми Фиръавнро дар об ғарқ кард. Яҳудиҳо дар ҳамин рўз, ба хотири наҷот ёфтанашон, рўзаи шукрона мегиранд, Паёмбар ﷺ дар ин маврид мефармояд: Аз яҳудиҳо мо ба Мусо наздикем, пас шумо ҳам рўзи Ошўроро пос доред.
  4. Худованд ба ин рўз қасам ёд кардааст: Худованд дар сураи Фаҷр қасам ёд кардааст, чунонки мефармояд: Савганд ба шабҳои даҳгона. (Сураи Фаҷр; ояти 1)
  5. Моҳи Муҳаррам беҳтарин моҳҳои сол ба шумор меравад, зеро аввалан Паёмбар ﷺ ин моҳро ба Худованд нисбат додааст, сониян беҳтарин моҳи чаҳоргона аст. Дигар ин ки беҳтарин рўзҳои ин моҳ даҳаи аввали он аст ва беҳтарин рўз рўзи даҳуми ин моҳ, яъне рўзи Ошўро мебошад.
  6. Оғози солшумории ҳиҷрии қамарӣ бо ин моҳ аст: Саҳобагони Паёмбар ﷺ барои ихтиёри моҳи аввали соли ҳиҷрии қамарӣ бо ҳам машварат анҷом доданд. Ҳазрати Умар, Усмон ва Алӣ моҳи Муҳаррамро ихтиёр намуданд, чунки дар ин моҳ қитолу зулм ҳаром аст, пеш аз моҳи Муҳаррам моҳи Зулҳиҷҷа меояд ва Зулҳиҷҷа моҳест, ки мусалмонон адои ҳаҷ мекунанд ва байъат низ дар моҳи Зулҳиҷҷа ба итмом расидааст.

Хотирасон менамоем, ки имсол саршавии моҳи Муҳаррам ба рўзи панчшанбе 26-уми июн рост меояд.

 

(«Азимов Мухаммад Фарук»)

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...