ШАБИ МУҚАДДАС ЛАЙЛОТ - УЛ- ҚАДР

ШАБИ МУҚАДДАС ЛАЙЛОТ - УЛ- ҚАДР

Шаби муқаддаси Лайлат-ул-Қадр (шаби Қудрат) тӯҳфаи махсуси Худои таъоло барои муъминон аст.

Дкар Қуръони Карим гуфташудааст, ки ибодат дар шаби Лайлот-ул-Қадр аз ибодати ҳазор моҳа (зиёда аз 80 сол) беҳтар аст.

Дар маҷмӯаи ҳадисҳои Муслим ва Ал-Бухорӣ омадааст: Ҳар кӣ дар шаби Лайлот-ул-Қадр бедор бошад ва ӯро бо хидмати Худованди Мутаол эҳё кунад, бо эътиқод, ки Ӯро барои ин подош хоҳад дод ҳамаи гуноҳҳои қаблии бахшида мешавад.

Паёмбар мегӯяд: “Шаби Қадрро дар яке аз шабҳои тоқи

даҳаи охири Рамазон биҷӯед”. (Бухорӣ,).

Аз ҳадисҳо фаҳмида мешавад, ки Лайлот-ул-Қадр асосан ба яке аз даҳ шаби охири моҳи Рамазон рост меояд ва дар шабҳои тоқи онҳо, яъне рӯзҳои 21, 23, 25, 27, 29 бояд саъйи хосе карда шавад.

Дар шабҳои эҳтимолии Лайлат-ул-Қадр бояд намозҳои қазои ва суннат, Қуръон, зикр бихонад ва инчунин аз Худованди Мутаъол файзу раҳмат талаб кунад барои худ ва барои хешовандон , инчунин барои ҳама одамон. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он шаб дуои зеринро мехонданд.

اَللَّهُمَّ إِنَّكَ عُفُوٌّ كَرِيمٌ تُحِبُّ الْعَفْوَ فَاعْفُ عَنِّي

«Аллоҳумма иннака афуввун каримун тӯҳиббул афва фаъфу анни»

Маънояш: «Худоё, Ту меҳрубон ва , бахшанда ҳастӣ, бахшишро дӯст медорӣ, пас маро бубахш».

( Хашияту Тохтови)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...