Баҳроми паҳлавон аз Шуғнон

Баҳроми паҳлавон аз Шуғнон

Баҳроми паҳлавон аз Шуғнон

Рӯзи 1 августи 1972 дар қишлоқи Мунди ноҳия “ИН АСТ ЗАБОНИ ДӮСТӢ” Шуғнон, дар оилаи Собиршоҳ Қурбонов (1947-2005) ва ҳамсараш Бибидавлат (1947) писаре ба дунё омад, ки Баҳром номаш ниҳоданд.

Омӯзишгоҳи ҳарбӣ

Соли 1990 мактаби миёнаро хатм карда, дар шаҳри Хоруғ санҷишро гузашта, ба Душанбе омада, дар Омӯзишгоҳи ҳозираи ба номи Суворови поитахт имтиҳон супорида, ба Омӯзишгоҳи ҳарбии фармондеҳии олии шаҳри Москва дохил шудам. Ин омӯзишгоҳ бо фаромони Владимир Ленин 17 декабри соли 1917 ташкил шуда, замони Шӯравӣ 5 маршалу 600 генерал таҳсил карда, 96 хатмкардаи он унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 1 Қаҳрамони меҳнати ситсиалистро сазовор гаштаанд. Роҳбари Омӯзшигоҳ шодравон генерал-майор Анатолий Тсоканов буданд, ки то ҳозир ёдаш дорем. Аз хатм кардан ҳам зиёда аз 20 сол сипарӣ гашт. Кадом ҳамкурсам дар куҷост, намедонам, лекин бо чанд нафар дар алоқа ҳастем. Бо Димитрий Баранови украинӣ, Юрий Самхарадзеи гурҷӣ, Акимов Анвар, қирғиз, майори ҚМ ҶҚ Михаил Новиков, комиссари ҳарбии вилояти Москва, Алексей Каминский, полковник, дар шаҳри Сочи, Дмитрий Афсянников, хизматчии Полки Президенти ФР Дмитрий Богданов, подполковник, вилояти Ростови лаби Дон.

Бекмамад , полковники Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ҳозир нафақахӯр, дар Москва иқомат дорад. Бурҳон аз Ишкошим дар минтақаи Урали Россия то рутбаи подполковник хизмат карда, ҳоло нафақахӯр аст. Умед аз Хӯҷанд, дар Тоҷикистон хизмат карда, ба нафақа баромад. Андрей аз шаҳри Кӯлоб буд, ки баъди хатм ба митақаи Байкал ба хизмат ровонаш карданду, дигар дар борааш чизе намедонам. Банда ягона донишҷӯйи омӯзишгоҳ будам, ки баъди хатми мактаб дохил шудам. Дигарон ҳама таёрии ҳарбиро дар мактаби низомӣ дида буданд. То ҳол дилгармиву дастгирии якдигарро фаромӯш накардаам. Аз ҳамкурсони азизам хоҳиш дорам, ки агар ин сатрҳоро хонанд, бо ман дар алоқа бошанд. Ноҳияи мо дар сарҳад аст ва сарҳадбонони тоҷикро дида, нияти низомӣ шударо мекардам.

Падарам бошад дар ман ҳуқуқшинос шуданро медид. -Ба Москва равонат мекунам. Хонда ҳуқуқшинос мешавӣ. -Не, ман сарбоз мешавам. Ба ман либоси низомӣ ва кори ҳарбӣ маъқул аст. Баробари хониши аъло, дар чанд мусобиқаи байни низомиён ҷойи аввалро гирифта, соли 1993 унвони устоди спорти Қувваҳои Мусаллаҳи Россия гардида, соҳиби корти шиносойӣ (удостоверение)-и дастурдиҳанда (инструктор)-и набарди даст ба даст (рукопашный бой)-и барои таълими ҳайати низомии таъиноти махсус шудам. Соли 1993 паҳлавони Ҷоми ҳавзаи ҳарбии вилояти Москва будам. Рӯзи 17 июн соли 1994 рутбаи лейтинати Қувваҳои Мусаллаҳро дода, аз рӯйи роҳхат барои хизмат ба Дастаи 3-юми амалиётҳои махсуси ГРУ-и Қувваҳои Мусаллаҳи Россия шаҳри Самара равон карданд. Дар ду Ҷоми Қувваҳои Мусаллаҳи Россия дар набарди даст ба даст баромад карда паҳлавони солҳои 1994 ва 1995 шуда, устоди спорти Федератсияи Россия гаштам. Дорандаи бозубанди сиёҳи карате соли 1995 шудаам.

То соли 1999 кор карда, баъд муъалими калони варзиш набарди даст ба даст ба маркази варзишӣ (ЦСК) Артиши низомӣҳавойии шаҳри Самара гузарониданд, ки то соли 2017 1000-ҳо донишҷӯ, аскар, сарбоз, генералу қумандонро дарс додаам. Бо ҳамин хизмати низомиро соли 2017 тамом карда, бо рутбаи майор ба нафақа баромадам. Аз соли 2017 дар шаҳри Москва иқомат дорам. Дар Маркази бо номи “Патриот” муъалими варзиши даст ба даст шуда, ҷавононро барои хизмати ҳарбӣ омода месозам. Ба болои ихтисои касбӣ, кори ҷамъиятӣ низ дорам.

Раиси Кумитаи маъорифи ҷамъияти тоҷикон шаҳри Москваро ба уҳда дорам, ки бо кӯдакону наврасони ҳамватан дарси иловагӣ аз математикаву забони модарӣ мегузаронем. Аз ҳама кори муҳим он аст, ки падару модарон барои кӯдаконро ба мактаби шаҳр ҷо кардан ба мо муроҷиат мекунанд. Барои дар кӯчаву бесавод нашудани кӯдакони ҳамватанро ба мактаб дароварда, то бо кӯдакони мактаби шаҳр одат кардан назорат, дастгирӣ мекунем. Агар кӯдак дар мактаби давлатӣ ҷо карда натавонем, ҳатман дар мактаби хусусӣ рӯзи ҷумъ, шанбе, ё якшанбе дарси забони модарӣ ва русӣ хоҳад гирифт. Дар ин чанд соли кори омӯзгориям ҷавони мардуми гуногунро дарси варзиш, хониш ва одоб додаам. Баробари ин аз таърихи Тоҷикистон ба шогирдон нақлу ривоят мекунам.

ТАБРИКНОМА

Аз самим дил мехоҳам, ки Ҷумҳурии мо тараққӣ ва пешрафт кунад. Ҳамаи мо дар куҷое, ки набошем дастгиру ҳамраҳи якдигар бошем. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон ташаккури бепоён, ки мардуми моро сарҷамъ кард. Китф ба китф гузошта, рӯзгорро боз ҳам беҳтару хубтар созем. Ҳар замоне, ки ҳавопаймо аз замини Ватан канда мешавад, дарёи ашк рухсораҳоямро бо оби шӯраш шуста мекунад. Аз он рӯз 30 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол худро талаби мактаби деҳа писари 17 солагӣ медонам, ки аз дидани бешаву дарахт, оби равону барфи болои бому куҳҳои сарбаланди Шуғнони нозанин сер намешавам. Ин ташнагии меҳр ба Ватан нест намешавад. Бисёр вақт мехоҳам, ки ҳамаро партофта, ба зодгоҳ равам, лекин акнун ман танҳо нестам. Дар ин сарзамин хонадору соҳиби фарзанд шуда, онҳоро ба по рост бояд кард. Ҳамаи мо тоҷик ҳастем, ва дӯстона зиндагӣ бояд кард. Ҷашни фархундаи 30-мин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурӣ Тоҷикистони мо муборак бошад!

Бо камоли эҳтиром,

Баҳром Қурбонов,

шаҳри Москва

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...