Ҳушдор аз мафтуни дунё шудан

Ҳушдор аз мафтуни дунё шудан

Паёмбари Худо ﷺ муъминонро аз ҳақиқати ин дунё панд медод, ки аз ақлу дилҳои онҳо нобуд шудани дунё раво набошад ва он панд дар ин дунё роҳгузаре будани онҳост.

Эшон дар ин панд онҳоро аз афтодан дар доми дӯстии дунё манъ мекард. Паёмбар ﷺ мегуфт: «Дар дунё чунон бош, ки гӯё ғариб, ё раҳгузаре ҳастӣ ва худро аз аҳли қубур шумор; чун шабро саҳар кардӣ, пас бо худ аз бегоҳ сухан магӯ ва чун рӯзро бегоҳ кардӣ, пас бо худ аз субҳ сухан магӯ! Аз сиҳҳатиат қабл аз бемориат баҳравар шав ва аз ҷавониат то фаро расидани пириат ва аз фароғатат пеш аз машғулиат ва аз ҳаётат қабл аз фаро расидани маргат, зеро ту надонӣ, ки фардо номат чӣ хоҳад буд».

Вақте аз имом Ҷунайд пурсиданд, ки кадом илм нофеътар аст, гуфт: «Ҳамоне, ки туро ба Худои таоло далолат намояд ва аз нафсат дур созад. Илми нофеъ ҳамон аст, ки соҳибашро ба тавозуъ, муҷоҳадаи пайваста, риояи сир, муроқабати зоҳир, тарс аз Худо ﷻ, канораҷӯӣ аз дунё ва толиби он, андаке гирифтан аз он, дурӣ ҷустан аз арбоби он, тарки ҳар чӣ дар он аст, барои аҳли он, насиҳат кардани халқ ва некрафторӣ бо онҳо, ҳамнишинӣ бо дарвешон, бузургдошти дӯстони Худои таоло, рӯ овардан ба чизе, ки барояш муҳим аст».

Алӣ ибни Абутолиб муъминонро аз орзуи дурудароз ва пайравӣ аз ҳавову ҳавас ҳушдор медод, зеро ин ду самараи дӯстии дунё бошанд. Ӯ мегӯяд: «Ман барои шумо аз ду чиз хавф дорам: орзуи дурудароз ва пайравӣ аз ҳавову ҳавас. Пас, аз фарзандони охират бошед ва аз фарзандони дунё набошед!»

Гуфтаҳо дар бораи дунё

Уламо ва некукорон дар баёни ҳақиқати дунё ва барҳазар шудан аз фитнаи он чӣ суханҳое, ки нагуфтаанд. Инак мо баъзе гуфтаҳои эшонро, ки саросар фарогири хайранд, ба ту баён мекунем: 1. Имом Ҷунайд гуфт: «Ҳар кӣ субҳ аз хоб бархезад ва аз тангии зиндагиаш шикоят намояд, гӯё ки аз Парвардгораш ﷻ шикоят менамояд. Ва ҳар кӣ субҳ барои умури дунё аз хоб ғамгин бархезад, пас бар Худо хашм гирифтааст ва ҳар кӣ назди касе доро барои дороиаш тавозуъ намояд, пас ду сеяки динаш барбод рафтааст». 2. Яке аз уламо гуфтааст: «Худои таоло ҳар касеро бихоҳад, ки дӯсти Худ қарор диҳад, дунёро дар назараш зишт намояд». 3. Гуфтаанд: «Эй мурид, чизе аз дунё наздат бигзор, ки туро аз талабидан аз мардум боздорад ва дар тарки дунё ба куллӣ исроф наварзӣ!» 4. Яке аз пирон гуфт: «Ду хислат аст, ки агар банда онҳоро анҷом диҳад, дар замоне андак сарвару пешвои мардум гардад: дурӣ ҷустан аз дунё ва таҳаммул кардани озоре, ки аз бародарон мерасад, ба ҳамроҳи исор1». 5. Имом Шозилӣ гуфт: «Ҳақ таоло бандаро дӯст надорад, то даме ки ӯ дунё ва аҳли онро дӯст медорад ва аз неъматҳои ду ҷаҳон даст намекашад». 6. Ҳамчунини аз ӯ ривоят кардаанд, ки гуфтааст: «Худои таоло ҳар касеро, ки дӯстдори дунёст, нописанд медорад, пас, бар мурид воҷиб аст, ки дасту дил аз дунё бишӯяд». Бидон, эй фарзанд, ки дунё сояе зудгузар ва пардае овезон миёни банда ва мавлояш аст. Ҳар кӣ дар дил ба андозаи заррае аз дӯстии дунё дошта бошад, бандаи ҳақиқӣ ба ҳисоб намеравад. Ва мақбул нест касе, ки онро бо пӯсту мағзаш ба дур наандозад.

_______________________________________

1. Исор – дигаронро бар худ бартарӣ додан, бар худ баргузидан ва муқаддам доштан; як нола нони худро ба дигаре бахшидан.

Шайх Аҳмад Пир ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...