Васияти Абӯҳанифа ба шогирдаш Юсуф

Васияти Абӯҳанифа ба шогирдаш Юсуф

Васияти Абӯҳанифа ба шогирдаш Юсуф

Юсуф ибни Холиди Самтӣ низ аз шогирдони машҳури Имоми Аъзам аст. Зодгоҳи ӯ шаҳри Басра буд. Барои таҳсили илм назди Имоми Аъзам ба Кӯфа омад. Баъд аз таҳсили илм хост ба шаҳраш Басра бозгардад, Имоми Аъзам фармуд: «Қабл аз бозгашт мехоҳам чанд васиятеро ҳамчун тӯша ба ту арза кунам, зеро дар арсаҳои гуногуни муомила бо мардум, ташхиси дараҷаҳои аҳли илм, таъдиби нафс, идораи раъият, бархӯрд бо авому хавос ва огоҳӣ аз аҳволи мардум ба он эҳтиёҷ хоҳӣ дошт. Ин васиятҳои ман барои илму дониши ту бисёр лозим аст, балки ба монанди олате хоҳад буд, ки онро зинат бахшида, нагузорад дучори нуқсону ишкол гардад.

Бидон, ки ҳар гоҳ бо мардум бадрафторӣ кунӣ, бо ту душман хоҳанд шуд, агарчӣ падару модарат ҳам бошанд, вале ҳар гоҳ бо мардум рафтори хуш дошта бошӣ, агарчи бо ту хешовандӣ ҳам надошта бошанд, барои ту монанди падару модар хоҳанд гардид.

Сипас ба ман гуфт: «Сабр кун, то худамро барои кори ту фориғ намуда, фикрамро ҷамъ кунам ва ба тавфиқи Парвардигор туро чунон васияти фарогире намоям, ки аз таҳи қалбат аз ман сипосгузорӣ кунӣ».

Чун вақте ки бароям таъйин карда буд, фаро расид, фармуд: «Инак вақташ фаро расида, ки аз он чи ба ту ваъда дода будам, парда бардорам». Он гоҳ фармуд: «Пас ҳар гоҳ вориди Басра шавӣ, мардум туро истиқбол хоҳанд гирифт, ба мулоқотат хоҳанд омад ва аз ту пазиройӣ хоҳанд намуд, ту қадри ҳар касеро бишинос, мардуми шариф ва шахсиятмандро азиз бидор, уламоро таъзим кун, эҳтироми бузургсолонро ба ҷо биёр, бо хурдсолон лутфу нармӣ кун, ба мардуми авом наздик машав, бо бадкорон мудоро кун ва бо некон дӯстӣ барқарор намо, ҳокими вақтро кам машумор, ҳеч касро таҳқир макун, дар мурувват кӯтоҳӣ манамо, рози худатро ба касе изҳор макун, то касеро наозмӯдаӣ, ба дӯстияш эътимод макун, бо одами хасису фурӯмоя дӯстӣ манамо, чизе, ки ба зоҳират намезебад, бо он улфат маҷӯй, ҳаргиз бо аҳмақон бетакаллуф машав, аз пазириши даъват ва ҳадя худдорӣ намо, ҳамеша мудоро ва сабру таҳаммул пеша кун, синафарох ва ахлоқи хуш дошта бош, либоси нав бипӯш, маркаби хуб дошта бош, атру хушбӯии зиёд истеъмол кун, як вақтеро барои анҷоми корҳои шахсиат ҷудо кун, ҳамеша аз ахбору аҳволи ходимон ва зердастонат огоҳ ва бохабар шав, дар таъдибу тарбияти онҳо ҷиддӣ бош, дар ин кор аз нармӣ истифода кун, зиёд онҳоро сарзаниш макун, ки беасар хоҳад шуд, бо дасти худ танбеҳашон макун, то ки виқорат пойдор бимонад, бар намозҳоят пойбанд бош, саховат кун ва суфраатро кушода бидор, ки бахил ҳаргиз лоиқи сарварӣ нест, дӯстони мутмаин ва мушовирони доное дошта бош, ки ҳамвора туро аз ҷараёни таҳаввулоти рӯзмарра ва ҳолоти мардум огоҳ созанд, то тавонӣ фасодро ислоҳ кунӣ ва хубиҳоро парвариш деҳ.

«Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абӯҳанифа»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...